logo

иқтисод

 МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ЧОРВОДОРӢ  ПЕШРАФТИ ЧАШМРАС ДОРАД


Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон муассисаи давлатии зотпарварии ба номи Сангак Сафаров фаъолият мекунад, ки дар он беҳтарин зотҳои чорвои калони ба шароити иқлими минтақа мутобиқ, парвариш меёбанд. Айни замон дар ин муассиса зотҳои қазоқӣ, қалмиқӣ ва абердин-ангуст нигоҳубин мешаванд, ки онҳо зоти гӯштианд. Соли гузашта барои бемушкилӣ паси сар намудани тирамоҳу зимистон хоҷагидорон аз ҳисоби алафҳои табиӣ, коҳу юнучқа захираро нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд карданд. Барои талаф наёфтан қариб ҳамаи хӯроки чорво дар анбору кашарҳо захира шудааст.
Роҳбари хоҷагӣ Сайдаҳмад Миралиев гуфт: “Ҳоло дар хоҷагӣ 634 сар чорвои зотӣ парвариш меёбад. Барои гузарондани давраи зимистон 300 тонна юнучқа, 125 тонна коҳ ва зиёда аз 10 тонна хӯроки консентратӣ захира кардем, ки ин миқдор барои ду сол кофист”.
Вазифаи асосии муассисаи мазкур зиёд намудани саршумори чорвои хушзот ва таъмини дигар чорводорон бо ҳайвони калони зотӣ, истеҳсоли гӯшт ва таъмини бозору марказҳои савдо бо маҳсулоти хушсифат мебошад. Аз ин рӯ, бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассиса чорвои зотӣ аз хориҷи мамлакат дастрас гардида, барои хушзоткунӣ истифода мешавад.
Ба гуфтаи Сайдаҳмад Миралиев, моҳи ноябр аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ба хоҷагӣ чор сар буққачаи хушзот дастрас шуд, ки дар оянда барои хушзоткунӣ истифода мешавад.
Барои нигоҳубини чорво дар ихтиёри хоҷагӣ 9011 гектар замини чарогоҳ, 1437 гектар замини корами лалмӣ, ки дар 300 гектари он юнучқа, 750 гектар ғалладона ва дар замини боқимонда зироатҳои техникӣ, аз қабили наску нахӯд, зағиру маҳсар мекоранд. Хоҷагидорон мақсад доранд, ки имсол саршумори чорвои зотиро афзоиш дода, дигар хоҷагиҳои чорвопарварро бо чорвои хушзоти гӯштӣ таъмин намоянд.
Дар шаҳри Кӯлоб бошад кооперативи тиҷоратии “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ” фермаи зотпарварӣ дорад, барои чорвои калон 670 тонна сенаж, 250 тонна хӯроки дурушт, 620 тонна хӯроки ширадор ва беш аз 150 тонна хӯроки консентратӣ захира кардааст. Дар ин ферма се зоти чорвои калон парвариш мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана фермаи ширию молии ба номи Асадулло Сироҷов фаъолият мекунад, ки дар ин ферма беҳтарин зотҳои чорвои калони ба шароити иқлими минтақа мутобиқ, парвариш меёбанд. Саҳмдорони хоҷагӣ бо истифода аз техника ва заминҳои корами лалмию обӣ соли рафта хӯрокаи дусолаи чорворо бо назардошти зиёд намудани саршумори чорво захира кардаанд. Ба иттилои сарбайтори фермаи мазкур Саймурод Иброҳимов, то охири соли 2020 аз ҳар сад сар чорво 91 сар гӯсола гирифтанд. Аз ин ҷо ба коргоҳҳои истеҳсолии шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза то 200 литр шир  дастрас карда мешавад.
Бино ба иттилои раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб, соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишоварзон беш аз 271 ҳазор сентнер хӯроки чорво, аз ҷумла 85 ҳазору 560 сентнер хасбеда, 10 ҳазору 600 сентнер тарбеда, 16 441 сентнер хасу хошок ва 3885 сентнер дигар намуди хӯрока захира кардаанд, ки аз нақшаи дурнамо зиёд мебошад.
Ширинҷон САФАРЗОДА,
Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2021    №: 7    Мутолиа карданд: 560
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед