иҷтимоиёт
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР.ОХИРИН САФАРЕ, КИ БО ТАҚДИРИ ПУРМОҶАРО ТАМОМ ШУД
Тибқи маълумоти мавҷуда оид ба ҳаёт ва зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур, ӯ баъд аз ду издивоҷи бебарор ба Александра Киселёваи рус хонадор шуд. Шиносоии онҳо дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтод. Ин замоне буд, ки Александра ҳамчун донишҷӯи Донишкадаи забонҳои шарқи Москва барои омӯзиши амалии забони тоҷикӣ ба маркази навбунёди Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад. Танҳо баъди 3 соли шиносоӣ Шириншоҳ дар деҳаи Лопасинои назди Москва барои шинос шудан бо волидайни ӯ ба хонаи Киселёвҳо қадам гузошт. Онҳо домоди тоҷикро бо хушнудӣ истиқбол гирифта, баъд аз муддате маъракаи хонадоршавӣ барпо карданд. Ин соли 1930 буд.
Шириншоҳ аз издивоҷ бо Александра соҳиби 2 писар шуд. Нахустписараш, ки ба қавли таърихнигор - энсиклопед Хуршед Юсуфбеков, 3 сентябри соли 1932 ба дунё омадааст, бо розигии волидон номи падарашро гирифт, яъне ба тифли навзод Шириншоҳ ном доданд. Дар ин бора аз Евдокия – модарарӯси Шириншоҳ Шоҳтемур нақл аст, ки мегӯяд: “Туро мо дар хона кам мебинем. Пазмон мешавем. Ҳамин як Шириншоҳ лоақал доим назди мо бошад”.
Ш. Шоҳтемур писарашро хеле дӯст медошт, бо вуҷуди серкорӣ барои бозӣ бо ӯ ҳамеша вақт меёфт, аз сафарҳо барояш китобчаҳои рангоранги бачагона меовард. Ба тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи зиёде дошт. Шириншоҳи хурдӣ сесола буд, ки Рустам - писари дувуми хонадон таваллуд шуд.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зарифа Назарова аз забони Шириншоҳи хурдӣ чунин нигоштааст: “Хурдсолиам пурнишоту беабр буд. Хонавода дар ду манзил истиқомат мекард - зимистон дар Тоҷикистон ва тобистон дар қисмати марказии Россия. Падар бо корҳои давлатиаш миёни Душанбе ва Москва бисёр сафар мекард. Аз ин ва дигар сафарҳо барои ман туҳфа меовард, бештар китобчаҳои ранга, ҳар гуна қаламҳо ва аҳён - аҳён ҳар гуна бозичаҳо. Аз сафарҳо омаданашро бесаброна интизор мешудем. Ӯ ҳам ба хона даромадан замон ҳар кадоми моро дар оғӯш мегирифт. Дар хотир дорам, ки падар аз кор дер меомад. Бисёр вақт то омаданаш моро хоб мебурд. Агар то омаданаш бедор мемондам, бо ман бозӣ мекард, расмҳои китобчаҳои рангаамро нишон медод ва аз рӯи расмҳо ҳар гуна афсонаву ҳикояҳо нақл мекард”.
Аммо кӯдакии пурнишоти фарзандон ва хушбахтии оиларо таъқиботи сталинӣ тира сохт. Тобистони соли 1937 буд. Ш. Шоҳтемур барои иштирок дар Иҷлосияи 5-уми Шӯрои Олии ИҶШС ва ҳамсараш барои гузарондани рухсатии меҳнатӣ ба Москва омаданд. Онҳо дар меҳмонхонаи Метропол, ки дар шафати Кремл буд, ҷой гирифтанд. Субҳи барвақт Александра барои хабаргирии фарзандон ва модар ба Лопасино рафт. Шириншоҳ мебоист аз паси корҳои худ мешуд. Ба қавли Қурбон Аламшоев, номзади илми таърих, муҳаққиқи ҳаёт ва фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур, дар ҳамин меҳмонхона Раиси Президиуми КИМ-и Тоҷикистон бидуни эълони пешакӣ боздошт шуд ва дигар на рӯи фарзандонро диду на ба Ватан баргашт.
Александра баъд аз ду рӯз ба Мос-ква баргашт. Ба меҳмонхона омад, вале Шоҳтемурро наёфт. Муҳофизаш хабар дод, ки ӯро таъҷилан ба Сталинобод даъват кардаанд.
- Чӣ тавр? Охир тасмаву пойпӯшаш дар ин ҷо-ку? - изҳори тааҷҷуб мекунад Александра. Муҳофиз бо сари хам ва бо димоғи сӯхта ба ӯ коғазпечеро дароз карда гуфт: - Ӯро бурданд. Вай ба шумо ва бачаҳояш ана инҳоро монд. Александра коғазпечро зуд кушод, ки дар дохилаш 500 сӯм пул буд. Дар ҳамин ҳол фиғонаш ба фалак печид...
Александра сарашро ба ҳамаи идораҳои марказӣ, ҳатто ба КМ ҲК ҳам зад. Вале касе ба додаш нарасиду ба саволаш ҷавоб надод. Ночор бачаҳояшро назди модараш монду шитобон ба Сталинобод рафт. Шояд дар он ҷо барои халосии шавҳараш коре карда тавонад. Охир, ӯ медонист, ки вай айбе надорад. Шириншоҳ бошад, дар ин давра, аллакай, дар ҳабсхона буд. Ӯ ҳам бовар дошт, ки ба зудӣ бегуноҳии ӯ исбот хоҳад шуду ба ватанаш баргашта, аз пайи иҷрои нақшаҳои созандагиаш мешавад.
Вале дар ватанаш - Тоҷикистон қисматашро бе ӯ, аллакай, ҳал карда буданд. 19 июли ҳамон сол Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон бо қарори худ ӯро аз вазифа озод, аз ҳайати Президиум ва узвияти КИМ баровард ва аз сафи ҳизб хориҷ намуд. 21 октябри соли 1937 Шоҳтемур дар қатори дигар намояндагони мақомоти олии умумииттифоқӣ ҳукми қатл гирифт. Дар зери ин рӯйхати махсус имзои Сталин, Молотов, Ворошилов ва Микоян дида мешуд.
Ба ҷои наҷоту дидори шавҳар Александраро дар Душанбе хабари марги Шириншоҳ, ҳабс ва бадарға ба Сибир интизор буд. Танҳо баъди се сол – соли 1940 писаронаш аз ӯ мактуб ва паёми зинда буданашро гирифтанд. Ӯ соли 1944 бар асари беморие, ки дар зиндон домангираш шуд, вафот кард. Шириншоҳи хурдиву Рустам меҳри модариро ҳам надида, ятими кулл шуданд.
Баъд аз ҳабси Ш. Шоҳтемур тамоми пайвандон, наздикону дӯстонаш зери таъқиби НКВД қарор гирифтанд. Бародараш Бобошо хабари “душмани халқ” эълон шудани Шоҳтемурро дар Хоҷа Оби Гарм шунид. Ӯ барои ҳарчи зудтар фаҳмидани асли воқеа ба Душанбе омад. Дари хонаи Шириншоҳ маҳкам ва дар пеши он ду посбони мусаллаҳ меистод. Бобошо фаҳмид, ки овоза рост будааст. Вақте ки вай ба зодгоҳаш бармегардад, бародари калониашон Мамадасламро, аллакай, ба ҳабс гирифта буданд. Хешу ақрабо аз хонаводаи Шоҳтемур канораҷӯӣ мекарданд. Вақте ки сармои зимистони 1937 аз омад - омади худ бо борону барф ва бодҳояш дарак медод, намояндаи НКВД дари Бобошоро ҳам кӯфт: “Ба шумо як шабонарӯз муҳлат, бо аҳли оила барои бадарға омода шавед”. Оилаи Бобошо аз 9 нафар хурду бузург иборат буд. 3 ноябри соли 1937 корвони мошинҳои боркаши болокушода бо маҳкумшудагон аз деҳкадаи Поршнев ба роҳ баромад. Бархе аз бадарғашудаҳо ба сардиҳои водии Ғунд, даштҳои нопайдоканори Мурғоб ва шароити тоқатфарсо тоб наоварда, дар роҳ ҷон бохтанд. “Корвон пеш мерафту аз пасаш дар паҳлуи роҳи тӯлонӣ теппачаҳои хок - манзили охирати мусофирони ноком пайдо мешуданд”, - чунин тасвир мекунад манзараи фавти кӯдакон, занону модарон, пирону ҷавонони камқуввати ҷонбохтаро рӯзноманигор Шобаҳори Шохумор. Баъди даҳ шабонарӯзи пуразоб зиндамондагон ба шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон расиданд. Онҳоро дар ин ҷо ҳамдиёронашон, ки барвақт муқими шаҳри Ӯш шуда буданд, пешвоз гирифта, минбаъд ҳам дастгирӣ мекарданд. Соли 1940 ба онҳо иҷозат дода шуд, ки ба зодгоҳашон баргарданд. Вале Бобошоро ба ҷурми бародари “душмани халқ” буданаш, ба Сибир бадарға карданд. Ӯ танҳо соли 1943 бо сабаби беморӣ ба хона баргашт, ки, аллакай, писари ягонаашро ба ҷанг бурдаанд. Писараш Шоҳғузанфар аз ҷанг барнагашт.
Наздикони ҳамсари Шириншоҳ Шоҳтемур низ таҳти таъқиб қарор гирифтанд. Хушбахтона, писарони Шириншоҳ дар Лопасино таҳти саробонии модаркалонашон Евдокия Василевна ба камол расиданд. Соли 1940 писари калонӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур ба синфи якум рафт. Мактабро тамом карда, ба Донишкадаи тиббии ба номи Сеченов дохил шуд. Баъд аз хатми донишкада ба вилояти Магадан рафт ва он ҷо омӯзиши иловагӣ дар бахши ташхиси рентгенологӣ гирифта, табиби рентгенолог шуд. Тайи даҳ сол роҳбарии шуъбаи ташхис ва томографияи беморхонаи машҳури Боткини Москваро ба уҳда дошта, барои корҳои илмию амалиаш унвони дотсентро гирифт.
Рустам маҷбур шуд, ки барои минбаъд мавриди таъқибу озор қарор нагирифтан ҳамчун писари “душмани халқ”, насабашро дигар кунад. Ҳамин тавр, Рустами Шоҳтемур ба Рустам Артурович Авотин табдили ном кард. Вале ин ҳолат ифтихори миллиашро кам накард. Инженер - электрончии шуҳратёри Россия худро боифтихор тоҷик меномад.
Шириншоҳи хурдиро соли 1964 барои иштирок дар Ҷашни 40 - солагии Тоҷикистони Шӯравӣ ба шаҳри Душанбе даъват намуданд. Баъд аз ҷаласаи тантанавӣ ба вай хабар доданд, ки ӯро дар Помир хешовандон интизоранд. Шириншоҳ худи ҳамон рӯз ба Хоруғ парвоз кард ва ба дидори хешу пайвандон расид. Баъд аз ин, бо Тоҷикистон пайваста дар робита буд, гарчанде дар Москва кору зиндагӣ мекард.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.01.2021 №: 8 Мутолиа карданд: 115