logo

иҷтимоиёт

ШИНОСНОМАИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ

Эмомалӣ Раҳмон. «Забони миллат – ҳастии миллат». Китоби 2 – «Забон ва замон»
Ба нашр расидани чунин як китоби гаронмоя дар ҳаёти фарҳангию  маънавии кишвар падидаи фараҳбахш мебошад. Асар ба сарнавишти забони модарии мо аз ҳамлаи муғул (асри XIII) то суқути сулолаи Манғитиён дар Осиёи Миёна ва эълони Ҷумҳурии Халқии Бухоро (1920) бахшида шудааст.
 
Яке аз нукоти ҷолибе, ки дар сарсухани китоб баён гардидааст, ин меҳри беандоза ба забони тоҷикӣ доштан ва онро шиносномаи миллат ва рӯҳи поки гузаштагон хондану сидқан ба ин забон арҷ гузоштан мебошад. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат чунин мефармоянд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони  шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».
Асар аз сарсухан, ҳафт боб, хулоса ва китобнома иборат мебошад. Хулосаи муаллиф ба чиҳил банд тақсимбандӣ гардидааст. Китобнома аз 410 адабиёт иборат буда, муаллиф онро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ ва бо хати арабиасоси форсӣ гурӯҳбандӣ намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар асари мазкур бештар хусусияти амалӣ дида мешавад. Зеро дар он хусусиятҳои хоси ҳар давра аз рӯи забон ва услуби баёни адибон, қабатҳои луғавӣ, калимасозию истилоҳот ва ғайра тақсимбандӣ гардидаанд. 
Дар китоб доир ба забони асарҳои бадеӣ хеле мӯшикофона маълумот дода шудааст. Аз ҷумла, оварда шудааст: «Забони Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» фасеҳу мардумӣ мебошад. Шоир бо забони содаю равон мақсади худро баён карда, андешаҳояшро возеҳ ифода месозад». Ба андешаи муаллиф дар ғазалҳои Ҳофиз забони ширину шевои тоҷикӣ дурахши тоза пайдо карда, мавзӯъҳои гуногун, аз қабили васфи ишқу ошиқӣ ва ташвиқи ҷавонмардӣ, тавсиф мешаванд.  Забони баёни Ҷомӣ ҳам дар назм ва ҳам дар наср содаву равон буда, зуд ба дили хонанда роҳ меёбад. Яке аз суханварони забардаст Зебуннисо мебошад, ки «забонаш ширин, ба омма фаҳмо ва шеърҳояш равонанд» ва монанди инҳо. Ҳамчунин, барои исботи фикри хеш муаллиф чандин намунаҳоро ёдовар мешаванд. 
Илова бар ин, дар асар доир ба нома ва номанигорӣ далелҳои аҷиб ба назар мерасанд, ки бо забони ноби тоҷикӣ нигошта шудаанд. Муаллиф бо сарбаландӣ доир ба забони расмӣ ва дарбории салтанати сулолаҳои ғайритоҷикӣ будани забонамон дар асар ёд мекунанд. Тавре Пешвои миллат менигоранд: «Забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Сомониён чун забони давлатӣ нуфузи зиёде дошт, минбаъд ҳам вазифаи худро чун забони расмиву дарборӣ дар қаламрави форсизабонон иҷро кард. Пас аз суқути Сомониён дар аҳди Ғазнавиён, Қарахониён, Ғуриён, Салҷуқиён, Темуриён, Сафавиён, Шайбониён, Ҷониён (Аштархониён) ва Темуриёни Ҳинд низ забони тоҷикӣ забони илму адаб, мукотиботу муошират ва таҳияи ҳуҷҷату санадҳои расмии давлатӣ боқӣ монд. Дар ин давраҳо забони таълим дар мадрасаҳо ҳамоно забони тоҷикӣ буд». 
Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра забони илм низ забони тоҷикӣ ба шумор мерафт. Ба ҳамагон маълум аст, ки Мирзо Улуғбек ҳангоми ҳокими Самарқанд будан расадхона сохтааст. Дар он давр «Зичи Улуғбекӣ» аз дастовардҳои асосии илми ситорашиносии ҷаҳон буд, ки ба забони тоҷикӣ таҳия гардида, сарсухани он аз тарафи худи Улуғбек бо ин забон навишта шуда. Садҳо асари илмии бо забони тоҷикӣ иншошудаи дигар низ шаҳодати ин андеша мебошад. Танҳо дар боби дуюми фасли «Фарҳангнигорӣ дар Ҳинд»  бо истинод аз «Луғатнома»-и Деҳхудо шумораи фарҳангҳо 250 адад нишон дода шудааст.
Дар садаи ХХ доир ба саҳми зиёиёне ба монанди Абдуррауфи Фитрат, Тошхоҷа Асирӣ, Беҳбудӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким ва дигарон мӯшикофона маълумот дода шудааст. Пайдоиши матбуоту таъсири он ба забони тоҷикӣ, калимасозӣ ва истилоҳсозӣ дар ин давра хеле назаррас мебошад. Бинобар хулосаи муаллиф, забони адабии тоҷикии ибтидои асри ХХ таҳаввулоти азимеро аз сар гузаронд ва тағйироти иҷтимоиву сиёсии ибтидои садаи ХХ дар инкишофи босуръати забони тоҷикӣ ва раванди ташаккули сабку услубҳои он шароити мусоид ба вуҷуд овард.
Сайри таърихии забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки мо забонамонро дӯст дорем, барои ҳифзи он талош варзем ва ба хотири ғанӣ гардондани  он тамоми неруи зеҳниамонро  сафарбар карда, рушди  бемайлони онро таъмин намоем.
Ҳар ду қисми китоби «Забони миллат - ҳастии миллат», дар ҳақиқат, таърихнома ва шиносномаи забони тоҷикӣ мебошад. Дар онҳо сайри таърихии забони тоҷикӣ пурра мунъакис гардидааст. Асари мазкур метавонад ҳамчун сарчашмаи дақиқи илмӣ истифода шавад. Аз ин рӯ, омӯзиши он на танҳо барои мутахассисони соҳаи забон ва таърих муҳим аст, балки барои ҳар як шахси ватандӯсту худшинос асари рӯимизӣ бояд гардад. 
 
Муҳаммад НАСРУЛЛОЕВ, 
номзади илмҳои филология
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2021    №: 8    Мутолиа карданд: 114
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед