иҷтимоиёт
ЗИ ҶӮЙЕ, КИ ХӮРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қатъномаи 71 Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки солҳои 2018 - 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" эълон шавад ва ин пешниҳоди Сарвари давлати мо аз ҷониби 193 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт.
Ин даҳсола чорумин пешниҳоди кишвари мо ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Мақсад аз ин даҳсола, таъмин намудани кишварҳои эҳтиёҷманд бо оби тозаи нӯшокӣ мебошад, зеро ҳоло масъалаи оби ошомиданӣ яке аз масъалаҳои глобалӣ ба шумор меравад. Захираи оби нӯшокии Тоҷикистон 19,3 км мукааб мебошад, ки он метавонад дар як вақти муайян ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишварро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намояд. Яке аз масъалаҳое, ки дар ин даҳсола бояд ҳалли худро ёбад, ин пиряхҳои Тоҷикистон мебошад, зеро дар 60 соли охир зиёда аз 1000 пирях об шудааст, ки ин аз гармшавии иқлим дарак медиҳад. Бо ин мақсад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар маркази пиряхшиносӣ ба фаъолият шурӯъ кард
Об манбаи ҳаёт аст. Ҳоло дар ҷаҳон 35 дарсади мардум аз оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Чуноне ки аз ташаббусҳои Пешвои миллат бармеоянд, об бояд дар сатҳи некуаҳволии мардуми сайёра, махсусан кишварҳои эҳтиёҷманд, истифода шавад.
Имрӯзҳо 97 дарсади обҳои рӯи Замин дар уқёнусҳо, 3 дарсади дигар дар пиряхҳо ҷой гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои ширин қарор дорад ва танҳо 20 дарсади онро истифода мебарад, боқимонда 80 дарсади он ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад.
Мутаассифона, дар масъалаи тозагии об шахсоне вуҷуд доранд, ки ба он муносибати хуб намекунанд, ба об сангу хок ва дигар партовҳоро мепартоянд, ки боиси сар задани бемориҳо мегардад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, ки ҳар 8 сония кӯдаке аз таъсири бади оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасад. Шоире барҳақ гуфтааст:
Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.
Муҳаммад КАРИМОВ,
Ҷамшеди ҶАҲОНГИРЗОД, курсантони коллеҷи милитсия
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.01.2021 №: 8 Мутолиа карданд: 114