иҷтимоиёт
ВАКСИНАИ SARS-CoV-2. ДАР ТОҶИКИСТОН ЭМКУНӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМ ШУРӮЪ МЕШАВАД
Охири соли гузашта бинобар сабаби аз кулли озмоиш гузаштан ва иҷозати истифода шудан шаш ваксинаи нахустин дар иддае аз кишварҳои дунё, эмкунии оммавии шаҳрвандон оғоз ёфт. Бо афзудани истеҳсоли позаҳри коронавирус, аллакай, моҳҳои аввали соли нав шумораи онҳо ба даҳҳо миллион хоҳад расид. Дар Тоҷикистон ин сипари боэътимод алайҳи коронавирус кай мавриди истифода қарор мегирад? Чуноне сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ба “Ҷумҳурият” изҳор дошт, ниёзи ҷумҳурии мо ба ваксинаи COVID - 19 дар доираи механизми байналмилалии COVAX таъмин мешавад.
- Механизми мазкур бо ибтикори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯйи кор омадааст, то тавассути тақсимоти одилона ҳамаи кишварҳои дунё ба он дастрасӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон низ аз ҷумлаи беш аз 90 мамлакат тавассути COVAX ваксина хоҳад гирифт. Эҳтимол меравад, ки бо ҷиддан афзудани истеҳсоли он дар нимсолаи якум мо ҳам ба эмкунии аҳолӣ шурӯъ кунем, - гуфт Н. Ҷаъфаров.
Бино ба тавзеҳи коршинос, COVAX хароҷоти омодагӣ ва интиқоли ваксинаҳои коронавирусро ба зиммаи худ мегирад. Тибқи нақша эмкунии 20 дарсади аҳолӣ дар назар аст. Онро аввал кормандони тиб, омӯзгорон, кормандони соҳаи хизматрасонӣ, шахсони гирифтори бемориҳои музмин, ҳамчунин, нафарони аз 50-сола боло хоҳанд гирифт.
Тӯли соли гузашта дар манзари мубориза бо пандемия табибону коршиносони кулли кишварҳо нафарони аз 65 - сола болоро ба гурӯҳи хавф дохил мекарданд. Дар шарҳи 15 сол “ҷавон” кардани ин гурӯҳ Наврӯз Ҷаъфаров тадқиқоту таҳлилҳои нави анҷомдодаро далел овард, ки аз ҳамин синну сол хавфи сироят боло меравад ва барои куллан пешгирӣ кардани мубталошавӣ бо вируси нав эмкунии онҳо низ ҳатмӣ ҳисобида шуд.
- Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки дар натиҷаи дастгирӣ ва назорати шахсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои муассир роҳандозӣ кардани Ҳукумати кишвар хуруҷи ҷиддии коронавирус дар мамлакат пешгирӣ шуда, аз 30 декабр вазъияти пандемия дар қаламрави ҷумҳурӣ муътадил аст. Дар даҳ рӯзи соли 2021 дар баъзе маҳалҳо ҳамагӣ 2-3 ҳодисаи сирояти SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуд, ки ҳамонҳо ҳам воридӣ мебошанд. Ин бешак, комёбии кормандони соҳаи тиб аст. Аммо ба хотири куллан решакан кардани COVID-19 бояд тақрибан 1 миллиону 800 ҳазор нафар эм карда шавад, - тазаккур дод дар ниҳояти гуфтугӯи телефонӣ Наврӯз Ҷаъфаров.
Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то 12 январ дар кишвар 13308 ҳодисаи сироят ба қайд гирифта шуд. Аз ин теъдод 13215 нафар ё 99,3 дарсад шифо ёфт.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.01.2021 №: 8 Мутолиа карданд: 138