logo

иҷтимоиёт

ЗАБОН. МАВҚЕИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ ДАР СИЁСАТИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов таҳти унвони «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат»,  «Ҷумҳурият», 5.10.2020, № 194 – 195
Мақолаи донишманди пухтакор, доктори илмҳои сиёсӣ С. Ятимов  зери унвони «Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат» дидгоҳи хонандаро нисбат ба масоили мазкур вусъат бахшида, масъулияти гиромидошти забони тоҷикиро дар партави нигоштаҳои  Пешвои миллат тақвият медиҳад. Дар матлаб раванди татбиқи қонунгузорӣ вобаста ба забони давлатӣ, пуштибонӣ, ҳифзу гиромидошт ва инкишофи забони давлатӣ дар заминаи хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо асосҳои илмӣ аз назари фалсафию сиёсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.  
 
Муаллиф дар ибтидо хонандаро ба муҳимияти мавзӯъ ошно намуда, забонро ҳамчун зуҳуроти ҷамъият, натиҷаи фаъолияти интелектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур маънидод намуда, онро хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат меҳисобад. С. Ятимов муътақид бар он аст, ки муҳимтарин арзишҳои инсонӣ дар шакли муошират ва ҷаҳонбинӣ ба воситаи забон ба миён омада, меъёри аслии беҳбудӣ ва рушди он, риояи қоидаҳои муошират, суннатҳои забони ноб ва адабии тоҷик, инчунин, тафаккур ва рақобатпазирии забони тоҷикӣ бо аксари забонҳо мебошад. Аз ин хотир, фард метавонад бо амалу ташаббусҳои наҷиб, бо фаъолият ва сайъю кӯшишҳои пайваста ҷомеаро такон дода, боиси рушду нумӯ гардонад. Хушбахтона, таърих чунин нобиғаҳоро барои миллати мо ҳадя намудааст: «Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ - таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Ба ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард».
Мусаллам аст, ки Президенти маҳбубу мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани тадбиру чораҳо, дар заминаи волоияти мақоми забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он саҳми арзишманду таърихӣ гузоштанд. Муаллиф зимни таҳлил ва баррасии мавзӯи мазкур вобаста ба далел ва мадракҳои  таърихӣ нисбат ба гиромидошти забони модарӣ ва арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ хизматҳои воқеан, арзандаи  Пешвои муаззами миллатро  зикр намуда иброз медорад: «Дар замони роҳбарӣ – давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик забони модарии мо дар чунин манзалат намеистод ва истода ҳам наметавонист». 
Донишманди тоҷик дар қисмати «Методи таърихӣ ва таҳқиқи масъалаҳои забоншиносӣ» дар заминаи омӯзиши диқиқназаронаи асарҳои Пешвои муаззами миллат масоили  «мураккабтарин  падидаи олами ҳастӣ -  забон»-ро мавриди таҳлил қарор дода, вобаста ба саргузашти таърихи забони модарии мо аз суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат иқтибос меоварад: «Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо ривоҷ пайдо карда  буд». 
Дар мақола таъкид мешавад, ки таърих бозгӯи равандҳои печ дар печест, ки аҷнабиён бо шуҷоат, мардонагӣ ва рӯҳи шикастнопазири аҷдодони миллати тоҷик ва қудрати  забони модарии мо рӯ ба рӯ гашта, шикаст хӯрдаанд. Аз ин рӯ, месазад, ки ворисони ин забони бузургу оламгир имрӯз ва фардо барои ҳифзи забон, бузургии иқтидори илмиву луғавии он кӯшиш ва фаъолиятҳои босамар анҷом диҳанд.
Олими шинохтаи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон дар мавриди таърих ва бузургии забони тоҷикӣ чунин менависад: «Агар ба таърихи забони модарии мо назар афканем, воқеан, ин ёдгории таърихӣ ва решаҳои бунёди он сарчашмаи бисёр забонҳои дигари дунёст. Замоне онро ориёӣ, авестоӣ, сипас бохтариву суғдӣ, баъдан паҳлавӣ ва билохира, форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ хондаанд. Замоне ин забон дар қатори забонҳои чинию ҳинду бобулӣ ба тамаддунҳои гуногун таъсир дошт, махсусан ба Юнони Қадим. Нақши пойи вожаҳои ин забонро Куруши Кабир, Дориюш, Ҳашиёршоҳ ва Ардашер то ба ҷануби Юнон бурда буданд. Ҳатто имрӯз ҳам садои пойи вожаи «боракалло»-и мо дар тамоми Юнон гӯшрас аст».
Муаллифи мақола дар идома аз ҷанги таҳмилии солҳои навадум бо таассуф ёд карда, онро фоҷиаи миллат меҳисобад, ки ба тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла ба илму маориф, асари манфӣ гузошт. Дар ин ҷода, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти зиёде пеш омаданд, ки яке аз онҳо норасоии маводи таълимӣ ва костагиҳо дар забони нашри китобҳо буданд. Ин раванд, ба тарбияи насли наврас таъсир гузошта, фаъолияти муассисаҳои таълимиро камранг карда буд.
Дар ин матлаби илмӣ - таҳлилӣ муаллиф бо назардошти ҳидоятҳои Сарвари давлат пешниҳод менамояд: «Зиёиён вазифадоранд, ки бо такя ба таърихи ташаккул ва рушди афкори пешқадами миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо, дар шароити тираву тори асримиёнагӣ, фишорҳо ва вобастагии сиёсӣ ба даст овардаанд, бо заҳмати ватандӯстонаи худ ин анъанаҳоро на танҳо омӯзанд, балки ташаббускори пешрафти ҷаҳонбинии миллӣ дар шароити навини таърихӣ – замони истиқлол бошанд».
Донистани таърихи забони тоҷикӣ вазифа ва масъулияти олимону зиёиён, омӯзгорону толибилмон ва масъулон ба ҳисоб рафта, риояи қонуни забони давлатӣ вазифаи ҷонии тамоми сокинони кишвари азиз ба ҳисоб меравад. Зеро, дар маҷмӯъ, забон ҳамчун муҳимтарин воситаи муоширати байни одамон омили заруртарини рушд маҳсуб ёфта, бошандагони ҷомеа,  пеш аз ҳама, тавассути донистани забони модарии хеш, роҳҳои иртиботиро барои омӯзишу дарки дигар забонҳо пайдо менамоянд. Яъне, ҳар кас аввал забони модарии хешро ҳаматарафа  омӯхта, сипас метавонад рӯ ба омӯзиши забонҳои дигар орад. Агар ин раванд баръакс сурат гирад, пас муҳтавои аслии шахс, инсон бе мавҷудияти ифтихороти миллӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ба миён омада, ифтихори забондорӣ ва давлатдории миллӣ аз байн рафта, ҳаёти воқеии ҷомеа дур аз мантиқ мегардад.
Воқеан, фаъолияти инсон ва рушди ҷомеа тавассути забон сурат гирифта, муҳимтарин бамиёноварандаи таҳаввулоти ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Дар суханрониҳои Президенти мамлакат арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегардад. Чунончи, Сарвари давлат дар Паёми худ ба муносибати 20 - солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»  (21 июли соли 2009) зикр карда буданд: «Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пурнишебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад».   
Итминони комил дорем, ки таҳияи чунин асари пурарзиш ва пурғановат барои толибилмони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишҷӯёни  донишгоҳҳо, омӯзгорон, масъулини корхонаҳои давлатӣ ва, маҷмӯан, кулли иродатмандони забони тоҷикӣ бозёфти нодир маҳсуб ёфта, бо ифшо ва роҳкушоии баландмақомӣ, завқи хонандаро инкишоф дода, роҳбалад сӯи дастовардҳои нодир дар заминаи риоя ва густариши забони модарӣ мегардад.
 
Сафаралӣ СОБИРОВ, 
директори МТМУ № 10, ноҳияи Ёвон,
номзади илмҳои сиёсӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 66
03.03.2021


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед