иҷтимоиёт
ЧАРО ИФТИХОР НАКУНЕМ?!
Мехоҳам бо ин мисраъҳои шеърӣ андешаҳои хешро дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намоям:
Дар дилу дар дидаву дар сина ҷоӣ, Пешво,
Раҳнамою раҳбариву раҳкушоӣ, Пешво.
Ҷои ягон баҳсу андеша ҳам нест, ки маҳз ба сари давлати навини тоҷикон омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кишвар дубора арзи ҳастӣ кард. Тоҷикистонро расман шинохтани 176 давлати дунё исботи ин гуфтаҳост. Пешвои муаззами мо на танҳо бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистону ордену медалҳои зиёди давлати миллиамон, балки бо ҷоизаю унвонҳои кишварҳои олам, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ қадр шудаанд. Чандин бор аст, ки дар қатори 500 нафар мусулмони таъсиргузори дунё муаррифӣ мегарданд.
Андешаи дигари ман ин аст, ки Пешвои муаззам шахсияти назаркардаи Худост, ки ҳамеша роҳаш кушода, бахташ сафед, обрӯю нуфузу эътибораш баланд буда, ҳар як мақсаду нияте, ки пеши худ мегузоранд, амалӣ мегарданд. Барои ворид шудан ба қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон 8 сол пеш дар назди худ амалӣ намудани се вазифаи ҳаётан муҳимро гузоштанд. Ва бо гузашти солҳо мебинем, ки ин ниятҳои нек: амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ, истиқлолияти энергетикӣ иҷро шуданд. Акнун соли дуюм аст, ки мардуми шарифи тоҷик сӯи фатҳи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат дилпурона, бо азми қавӣ равонанд. Дар ин муддат беш аз 40 корхонаи хурду бузурги ресандагӣ, сементбарорӣ, истеҳсоли тилло, маҳсулотҳои қаннодию ширӣ, мевагӣ ба кор даромада, ҳазорҳо нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Дар як гӯшаи хурдакаки Тоҷикистон - ноҳияи Муъминобод корхонаҳои коркарди мева, шир, истеҳсоли шағал, мум ба фаъолият оғоз намуданд. Метавон гуфт, ки дар ин росто дар ноҳия корхонаҳои коркарди сурб, оҳак, сангҳои ороишӣ сохта хоҳанд шуд. Бо бовар гуфта метавонам, ки дар даҳсолаи оянда мо аз кишвари аграрӣ ба диёри саноатӣ – аграрӣ табдил меёбем. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ бамаротиб коҳиш хоҳад ёфт.
Эътимоди комил дорам, ки мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил шудан ба зиндагии шоиста ва гулгулшукуфии диёрамон бо азму саъйи комил қадам мезананд.
Насиба ҲАСАНОВА,
рӯзноманигор, ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2021 №: 9 Мутолиа карданд: 45