иҷтимоиёт
ВАНҶ. ХИЗМАТРАСОНИИ МОЛИЯВӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД
Кормандони раёсати молияи ноҳияи Ванҷ соли 2020-ро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст карданд. Онҳо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси хизмати арзанда ва содиқона ба мардум, сарфакорона истифода бурдани маблағҳо, сари вақт пардохтани музди меҳнати шаҳрвандон ва маблағгузории саривақтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия корҳои назаррасро ба ҷо оварда истодаанд.
Ба гуфтаи сардори раёсати молияи ноҳия Раҳмиддин Фархов, пеш аз ҳама, кормандони ин ниҳоди молиявӣ аз он хусус изҳори миннатдорӣ ва сипосмандӣ менамоянд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳаққи онҳо мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд. Мавсуф зикр кард, ки онҳо, солҳои зиёд дар се ҳуҷраи танги як бинои солҳои панҷоҳуми асри гузашта сохташудаи дар ҳолати садамавӣ қарордошта кор мекарданд, ки одитарин шароит ва имконияти хуби фаъолиятро надошт. Хушбахтона, ду сол муқаддам ин бинои фарсуда аз миён бардошта шуда ба ҷои он бинои замонавӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақ Орзу Лашкаров бо раҳнамоии падараш Зарифбек ва бародаронаш сохта шуд.
Раҳмиддин Фархов бо ифтихор гуфт, ки маҳз таваҷҷуҳи зиёд ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат нисбат ба мардуми Бадахшон аст, ки амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ ба таври беқиёс ривоҷ доранд. Ду сол муқаддам бинои сеошёнаи муҳташами ҳозиразамони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуд. Шаш ҳуҷраи кории ин биноро ба ихтиёри кормандони раёсати молия доданд. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраёсати молияи вилоят асбобу анҷомҳои зарурӣ, пеш аз ҳама, компютеру принтерҳо ва дигар таҷҳизоти ҳисоббарории электронӣ дастрас гаштанд.
Дар раёсати молия аксари кормандонро ҷавонон ташкил менамоянд. Ҳамчунин, дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба кори мақомоти бонкдорӣ, андоз ва молия ҷалб намудани бонувон иҷро мегарданд. Дар раёсати молияи ноҳияи Ванҷ чор нафар занону духтарон фаъолият менамоянд. Дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳо кормандони раёсати молия тасмим гирифтаанд, ки дар соли 2021- соли истиқболи Ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи худро боз ҳам хубтар ба ҷо оварда, ба мардум хизмати арзанда мерасонанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2021 №: 9 Мутолиа карданд: 46