logo

иҷтимоиёт

«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ». НАҚШИ ҚАЛАМ ДАР ШИНОХТ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Арҷ гузоштан ба арзишҳои истиқлолияту озодӣ, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, фарҳанг, забони модарӣ, амният ва дигар манофеи миллӣ масъулияти басо бузурги ватандорӣ, хештаншиносӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси кишвар аст, ки ин асл бояд дар ҷаҳони ноороми муосир ва бархӯрди тамаддунҳо тавсеа бахшида шавад. 
Дар ин робита, барои таҳким бахшидани худшиносии миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва расидан ба қадри неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Уфуқҳои Истиқлол» нақши муассир дорад. Дар он 25 соли замони Истиқлолияти давлатӣ, давраҳои ҳассоси таърихи давлатдории навин, дастоварду комёбиҳо ва рушди давлатдории миллӣ саҳифа ба саҳифа пеши назар меоянд. 
Ин асари безавол соли 2018 дар матбааи “Ганҷ” бо забони тоҷикӣ ба чоп расида, аз сарсухан, 5 боб ва охирсухан иборат аст. Дар оғоз Пешвои миллат чунин изҳор медоранд: «Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад». Воқеан, ба нашр расидани «Уфуқҳои Истиқлол» қадами ҷиддие дар шинохти бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳёву барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисод, дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, мақоми шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва нигоҳе ба фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон маҳсуб мешавад. 
Президенти мамлакат дар боби якуми китоб - «Истиқлолияти давлатӣ – марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон» ба талошу заҳматҳо ва дастовардҳои чаҳоряк асри замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мудохилаи ошкоро аз хориҷи кишвар, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ овардани кишвар, ба уҳда гирифтани масъулияти роҳбарии давлат дар Иҷлосияи тақдирсози таърихии XVI Шӯрои Олӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, гузашту ҳамдигарбахшӣ, қабули Нишон ва Парчами давлатӣ, ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсия, барқарор кардани мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро батафсил  матраҳ  намудаанд.
Дар боби дуюм, ки «Уфуқҳои Истиқлол» унвон гирифтааст, ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва дурнамои стратегии он, заминаҳои асосии ташаккул ва рушди иқтисоди миллӣ, афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон, рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар, бахши хусусӣ, сайёҳӣ, авлавияти рушди соҳаи саноат, ибрози назар шудааст, ки барои доираи васеи хонандагон, муҳаққиқону коршиносон пешбинӣ гардидааст.  Боби  сеюми  асар бошад, масоили вобаста ба татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, дастовардҳо дар бахши илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва танзими онро дар бар мегирад.
Дар боби чоруми асар, ки ба «Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати дохилии давлат» бахшида шудааст, масъалаҳои фарҳанги миллӣ – асоси давлатсозӣ, забони давлатӣ, идораи давлатӣ дар замони истиқлолият, мақоми зан дар ҷомеаи муосир, озодии виҷдон ва танзими оқилонаи анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди воситаҳои ахбори омма, таъмини амнияти миллӣ мақсади асосии давлату миллат таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби панҷуми асари пурарзиши худ перомуни «Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ: мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» андешаронӣ карда, бо нигоҳе ба фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин хулоса мекунанд: «Тамоми фаъолияти мо, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯйи Ватани маҳбубамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ба шумор меравад». 
Воқеан, аҳамияти ин асари мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мешавад, ки метавонад дар вусъат бахшидани ифтихори миллӣ, эҳсоси ватанпарастии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, таъсири намоён гузошта, ҷомеаро ба ҳифзи якпорчагии давлат ва тақвияти созандагиҳои бештар роҳнамо бошад. Гузашта аз ин, мутолиа ва дар худ маърифат карда тавонистани муҳтавои асар имкон медиҳад, ки мо таъриху фарҳанги ғанӣ, дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро на танҳо дар дохил, балки берун аз кишвар низ ҳифзу муаррифӣ намоем.
 
Азимҷон ҶӮРАЕВ, устоди 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2021    №: 10    Мутолиа карданд: 253
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед