logo

Хабарҳо

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

МАРКАЗИ ИЛМИИ ВИРУСОЛОГӢ ТАЪСИС МЕЁБАД
Академияи миллии илмҳои кишвар нақша дорад, ки соли равон маркази илмии муҷаҳҳази  вирусологӣ таъсис диҳад. 
- Рафти пайдоиш ва босуръат паҳн гардидани бемории COVID - 19 нишон дод, ки дар кишвар ба чунин як марказ эҳтиёҷ дорем. Дар ин самт бояд, ки корҳои муҳими илмӣ – таҳқиқотӣ анҷом дода шаванд, - мегӯяд Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. 
Бино ба иттилои ӯ, бо ин мақсад ва ҷиҳати омода намудани мутахассисон академия, аллакай, бо Академияи илмҳои Белорусия шартномаи дуҷониба ба имзо расондааст. Баробари кушода шудани сарҳадҳо 15 мутахассиси ҷавон аз кишвар барои омӯзиш ба Маркази вирусологии Беларус фиристода хоҳад шуд.
 
 
БОЗЁФТИ ҲАВЗИ САНГИН ДАР КАРОН
Кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҳангоми экспедитсияи археологии Дарвоз дар ёдгории Карон ҳавзи сангини обтақсимкунандаро бо се дарғот пайдо намуданд.
Бозёфт аз он гувоҳӣ медиҳад, ки меъморони Карон аз қонуниятҳои илми физика бохабар будаанд ва дар бораи он, ки об мувофиқи  сатҳи  аз замин  ҷорӣ шуданаш бо ҳамон андоза ба баландиҳо мебарояд, маълумот доштаанд. Чунин бозёфт дар таърихи Осиёи Марказӣ ва Шарқ бори аввал ба назар мерасад.
 
АТЛАСИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН
Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон феҳристи Атласи пиряхҳои Тоҷикистонро тартиб дода истодаанд. Дар ин бора Абдулҳамид Қаюмов, директори марказ, ба мо иттилоъ дод.
Мақсад аз таҳияи  феҳрист аниқ муайян намудани захираҳои об, миқдор ва андозаи пиряхҳо арзёбӣ мегардад. Феҳрист пиряхҳои 13 ҳавзаро дар бар гирифта, дар он беш аз 8 ҳазор пиряхи кишвар ҷой дода мешавад. Ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, ин рақам метавонад солҳои баъдӣ хеле зиёд гардад.
Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки пиряхҳои кишвар солҳои қаблӣ аз ҷониби олимони соҳа омӯхта,  дар кадом минтақа ҷойгир ва масоҳаташон муайян шудааст. Чунин омӯзишу таҳқиқҳо 50 - 60 сол идома ёфт. Аммо, баъдан, таҳқиқоти илмии бунёдӣ оид ба пиряхҳо қатъ шуда, дигаргуниҳои дар онҳо баамаломада норавшан монд. 
Ҳоло ба омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва гузарондани таҳқиқоти муосир Маркази омӯзиши пиряхҳо машғул аст ва, инак, соли сеюм аст, ки кормандони он экспедитсияҳои илмӣ анҷом медиҳанд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 254
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед