Хабарҳо
НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ
ТЕАТРИ РУСИИ ТОҶИКИСТОН
моро ба тамошо мехонад
Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский 16 январи соли ҷорӣ тамошогаронро ба намоиши «Шабе дар театр» даъват мекунад.
Ин намоишро коргардони ҷавону муваффақ Хуршед Мустафоев аз рӯи се асари адиби маъруфи рус Антон Чехов таҳия кардааст.
Ҳамчунин, 17 январ барои кӯдакону наврасон намоиши Римма Уланова «Нодонхӯҷа ва дӯстони ӯ» пешкаш мешавад.
Муовини директори театр Гулнора Аҳмадова изҳор дошт, ки масуълони ин даргоҳ барои нав кардани барномаи театр ва афзудани шумораи тамошогарон аз усулу шеваҳои муосир кор мегиранд. Аз ҷумла, намоиши онлайнии асарҳои саҳнавӣ низ дар назар аст.
БАНАВОРГИРИИ «ЖУРНАЛИСТ» ОҒОЗ ШУД
Коргардон Одинаи Маҳмад банаворгирии филми кӯтоҳи «Журналист» - ро оғоз кард. Барои иҷрои нақши асосӣ дар филм ҳунарманди ҷавон Ҷовидон Маҳмадов интихоб шуд.
Ҷовидон чанде пеш дар филми "Охирин сайди сайёд" нақши асосиро офарид. Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи санъати шаҳри Челябенски Русия аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 249