logo

иқтисод

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, тибқи нақшаи чорабиниҳо то ин рӯзи таърихӣ мавриди истифода қарор додани 510 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимию бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолию коркарди саноатӣ, биноҳои маъмурию хизматӣ ва истиқоматии баландошёна, марказҳои фароғатию истироҳатӣ, хизматрасонӣ, майдончаҳои варзиш ва иншооти ҷашнии дигар дар назар аст. То 1 январи соли равон 473 иншооти ҷашнӣ бунёд ёфта, беш аз 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.

Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии дастгоҳи раиси шаҳр, зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки айни замон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳр сохтмони бинои нави маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят бомаром ҷараён дорад. Лоиҳаи иншоот аз тарафи ҶДММ «Суғдшаҳрофар» тартиб дода шуда, сохтмони онро ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда дорад. Иншоот аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, соли равон дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Маблағи умумии лоиҳаи сохтмон 8 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дар таҳхона ҳафт дафтари корӣ ҷойгир буда, барои шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 кас ва ошхона бо 50 ҷой пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва панҷум дафтарҳои корӣ бунёд меёбанд.
Ҳуҷраҳои ёрирасон, ки дар атрофи бинои асосӣ ҷойгиранд мартуб ба дафтари қабули намунаҳо, таваққуфгоҳи автомобилӣ, анбор, дафтарҳои корӣ барои ташхиси маҳсулотҳои нафтӣ, зеристгоҳи барқӣ ва дегхона мебошанд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, чанде пеш раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо раванди корҳои бунёдкорӣ дар ин иншоот шинос шуданд. Раиси вилоят ба бинокорон ҷиҳати суръатбахшӣ ва босифат анҷом додани корҳо ва ободонии атрофи он дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2021    №: 6    Мутолиа карданд: 566
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед