logo

иқтисод

ДАСТУРИ ПРЕЗИДЕНТ САМАР ОВАРД. «САНОАТСОДИРОТБОНК» БА СОҲИБКОРОН ҚАРЗҲОИ ИМТИЁЗНОК МЕДИҲАД

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ба хотири рушди  истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ба масъалаи дастгирии соҳибкорон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин таъкид намуда буданд:

«Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ  ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад». 

Дар асоси ин дастури Президенти кишвар ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 390 аз 25 июни соли 2020 муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноатию содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”  табдил дода шуд. Чанде пеш КВД БССТ  «Саноатсодиротбонк» ба фаъолият пардохт, ки барои дастгирии молиявии соҳибкорони истеҳсолӣ имкониятҳои васеътарро фароҳам меорад.  

- Рушди муттасили иқтисоди ҷумҳурӣ ба марҳалае расидааст, ки давлат ҷиҳати афзунгардонии истеҳсоли саноатӣ ва содирот ба эҷоди унсурҳои сохтории дастгирии давлатӣ иқдом пеш гирифтааст. Фаъолияти бонк, пеш аз ҳама, барои васеътар гардондани доираи дастгирии давлатии соҳибкорони истеҳсолӣ равона шудааст. Он бо мақсади амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ  барои дастгирии самти соҳибкорӣ бо роҳи анҷом додани амалиёти бонкӣ, инчунин, бо мақсади гирифтани фоида фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Ҳадафи асосии бонк татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии молиявӣ барои рушди иқтидори истеҳолӣ ҷиҳати  мусоидат ба содироти маҳсулоти саноатӣ ва воридотивазкунанда дар ҷумҳурӣ мебошад, - изҳор дошт Ҳокимшоҳ Бобозода, раиси раёсати КВД БССТ “Саноатсодиротбонк”.

Таъсиси бонки алоҳида ба хотири дастгирии молиявии истеҳсолкунандагони ватанӣ иқдоми саривақтиест, ки соҳибкорон бо истифода аз ин имконияти фароҳамгардида барномаю лоиҳаҳои худро мувофиқи талаботи бозор ва хостаҳои худ амалӣ менамоянд. Аммо бонки  навташкил, бештар кадом бахшҳоро афзал мешуморад? 

Ба гуфтаи Ҳокимшоҳ Бобозода, «Саноатсодиротбонк» бисёртар  ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва содироткунанда қарзҳои имтиёзнок пешниҳод менамояд. Дар назар аст, ки қарзҳо ба соҳибкорон бо имтиёзҳои хеле зиёду фоизи паст ба муҳлати мувофиқ пешниҳод гарданд.

- Ин ташаббуси Пешвои миллат барои рушди ояндадори фаъолияти соҳибкорӣ нигаронда шудааст, бо ҳалли маҷмӯи масъалаҳои амнияти иқтисодӣ ва истиқлолияти давлати мо алоқаманд аст. Мо бо субъектҳои соҳибкорӣ сарфи назар аз шакли моликият ва намудҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо кор мебарем. Фаъолияти соҳибкорӣ ва корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти содиротии ватаниро дар асоси пешниҳоди нақшаи тиҷоратии мукаммал маблағгузорӣ менамоем.  “Саноатсодиротбонк” метавонад ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарзҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон, савдо ва дигар соҳаҳо, бо мақсадҳои тиҷоратӣ ва истеъмолию ипотекӣ пешниҳод намояд. Бонк ҳамчун низоми пиёдакунандаи сиёсати пулию қарзии Ҳукумати кишвар дар ҷумҳурӣ  бонки дуюми давлатӣ ба ҳисоб рафта,  фаъолияташро дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва табақаҳои гуногуни кишвар таҳти шиори “Ҳадафи мо муваффақияти мизоҷонамон” роҳандозӣ намудааст. Ҷалби пасандозҳо ва пешниҳоди қарзҳову дигар хизматрасониҳо бо назардошти шароити бозор дар асоси ҳадафҳои созанда  пешниҳод мегарданд. Зеро пул ҳам мол аст, вале  арзиши он  бо фоиз ифода меёбад. Ҳамзамон, мо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат тасмим гирифтаем, ҷиҳати беҳтар намудани шароити шуғл барои занон, шахсони маъюбу имконияташон маҳдуд, маҳсулоти бонкиро бо  имтиёзҳои махсус роҳандозӣ намоем, - гуфт номбурда. 

Роҳбарияти бонки навташкил дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати тавсеаи фаъолияти худ дар  самти таъйиноти кадрӣ, пеш аз ҳама, ба кормандони  ҷавон такя намудааст. 

Тавре раиси бонк Ҳокимшоҳ Бобозода зикр намуд, масъалаи омодасозии кадрҳои ҷавон  ва ҷобаҷогузории  онҳо дар ҳамаи зинаҳои фаъолияти соҳа дар сархати фаъ-олият қарор гирифтааст. Бовар аст, ки “Саноатсодиротбонк” тайи  муддати кӯтоҳ мавқеи худро ҳамчун як ташкилоти молиявии сармоягузор миёни соҳибкорони ватании истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти воридот-ивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда пайдо намуда, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, бо роҳи дастгирии соҳаҳои саноату содирот саҳми бузург мегузорад. 

 

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2021    №: 11    Мутолиа карданд: 571
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед