Хабарҳо
ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикони рушд шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз таъмири асосӣ пурра бароварда шуда, ба фаъолият оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳи шуъбаи мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шарифҷон Ҷумъазода - раиси шаҳри Ҳисор ва кормандони беморхона иштирок намуданд.
Эмомалӣ Маҷитов, сартабиби беморхона, иброз дошт, ки дар шуъбаи мазкур 10 ҳуҷра бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ пурра таъмиру навсозӣ шуд, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Дар он нодиртарин таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили 10 кардиомонитори наздикатӣ, 16 оксигенератор, 8 адад дастгоҳи ИЗЛ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, сабти барқии дил, ташхиси ултрасадо, дефибриллятор (тақвияти барқии кори дил), газоанализатор (санҷиши газҳо дар хун), глюкомер (ташхиси қанди хун), пулсоксиметр (санҷиши оксигени хун ва тапиши дил), насб гардиданд. Инчунин, 8 кати функсионалӣ (идорашавандаи аз як ҷо ба ҷои дигар интиқолёбанда) дар ҳуҷраҳои табобати беморон ҷойгир шуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, дар суҳбат бо табибон иброз дошт, ки ин иқдом, хусусан дар ҳамин даврае, ки пандемияи COVID – 19 дар саросари ҷаҳон доман паҳн кардааст, муҳиму саривақтӣ мебошад. Ҷавобан ба ин ғамхории роҳбарияти олии мамлакат дар робита ба чораҳои пешгирӣ ва ҳифзи солимии ҷомеа бояд ҷиддӣ, бомасъулият ва содиқона хизмат кард. Бо вуҷуди он ки бо ақлу хиради мардуми шарифи кишвар ва саҳми табибони ғамхор оид ба пешгирӣ, табобат ва рафъи ин беморӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидем, ҳанӯз сарфи назар кардани риояи қоидаҳои беҳдоштӣ кори оқилона нест.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 283