logo

Хабарҳо

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми кишвар Нуралӣ Собирзода ҳадияи гаронбаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро, ки 3952 нусхаро дар бар мегирифт, ба сокинони ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақдим кард. 
Дар баробари ин, гурӯҳи корӣ зимни сафар собиқадорони меҳнат Мамадсахӣ Азизхонов, Бибигулшод Мирҷонова, Бибӣ Давлатшоева, Мамнур Қурбоналиев, Бибиҳаво Шоҳдӯстмамадова ва Зулайхо Турдиеваро аёдат намуд.
Мардуми шарафманди ноҳияи Ишкошим бо изҳори сипос аз таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагӣ ва рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки баҳри боз ҳам ободу зебо ва ривоҷу равнақи Ватани маҳбубамон пайваста ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.    
 
 
ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ноҳияи Кӯшониён сафар кард.
Нахуст, Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни сохтмони меҳмонхона, воқеъ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ, дидан намуд. Он дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Анвар Фақерзода бунёд мешавад.
Меҳмонхона дорои 14 ҳуҷра, ду маҷлисгоҳ, тарабхона барои 300 нафар ва маркази савдо буда, арзиши лоиҳавии он 2 миллиону 773 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, аз тарафи соҳибкор сохтмони беморхонаи хусусӣ босуръат идома дорад. Он ба маблағи 2 миллиону 330 ҳазор сомонӣ бунёд гашта, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ҳамзамон, Қурбон Ҳакимзода дар маркази ноҳия бо рафти корҳои сохтмони бинои шашошёнаи истиқоматӣ ошно шуд. Он дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Дилшод Давлатов эъмор гашта, дар ошёнаи аввалаш  маркази савдо ҷой мегирад.
 
 
ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН 
Зимни вохӯрии раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Озарбойҷон Ҷамшед Муртазозода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гасен Маметзаде масоили мубрами ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
Зикр шуд, ки  парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Ҷумҳурии Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро  мардумони моро дӯстӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва расму оин аз давраҳои қадим пайванд намудаанд. Байни Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкориҳо низ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ, САҲА ва ИДМ, ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои кишварҳои мо корҳои зиёдеро дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ ва мусоидати парлумонӣ барои таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ, махсусан дар бахши мавриди иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда, анҷом додаанд.
 
 
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ МАТРАҲ ШУДАНД
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода  сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тажибаевро ба ҳузур пазируфт.
Ҳангоми мулоқот масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин, пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо назардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда, ҷонибҳо омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 240
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед