logo

Хабарҳо

ӮЗБЕКИСТОН ВА КОРЕЯ ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ МАОРИФ ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД

SNG Today. Намояндаҳои Корея ба Ӯзбекистон роботҳои баақли Albert ва Genibot-ро супурданд. Онҳо, махсусан барои инкишофи саводи кӯдакон дар соҳаҳои барномасозӣ ва беҳтар намудани навовариҳояшон равона мегарданд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати муассисаҳои томактабии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Дар маросими супурдани роботҳо намояндагони вазоратҳои томактабии ҳар ду давлат, Институти рушди Ҷумҳурии Корея, муассисаи KIRIA, Ассотсиатсияи омӯзгорони Корея, кормандони ширкатҳои FRG Korea, Dazzle Edu, Genie Robot ва SK Telecom ширкат варзиданд. Ҳамтоёни кореягӣ  ба ассотсиатсияҳои Ӯзбекистон  275 робот ва 350 асбоби таълимӣ тақдим намуданд.
 
 
РУШДИ УСТУВОРИ МУНОСИБАТҲОИ РОССИЯ ВА ИТАЛИЯ
Известия. Сафири фавқу-лода ва мухтори ФР дар Италия ва Сан-Марино Сергей Разов рушди устувори муносибатҳои ду кишварро таъкид намуда, ба вазъи ногувор дучор омадани Италия ҳангоми пандемияи коронавирус дар соли 2020 ишора кард. 
Дипломат ёдовар гашт, ки Италия яке аз нахустин кишварҳои Аврупо буд, ки бар иллати сар задани инфексияи коронавирус гирифтори буҳрони сангин шуд. Вобаста ба ин, Разов зикр намуд, ки  бо супориши Президенти ФР Владимир Путин табибони ҳарбии рус якҷо бо ҳамтоёни итолиявӣ 46 рӯз дар минтақаҳои душвори шимоли Италия алайҳи пандемияи коронавирус фидокорона мубориза бурданд.
  
 
СҶТ: «КОРОНАВИРУС АЗ ЛАБОРАТОРИЯИ УХАН САР НАЗАДААСТ» 
РБК. Коронавирус ба дунё аз лабораторияи Ухан паҳн нашудааст. Дар ин бора изҳороти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба табъ расид, - хабар медиҳад To Day News Ufa.
Гурӯҳи байналмилалии олимон аз СҶТ, ки барои омӯзиши аз куҷо сар задани пандемияи коронавирус чанд ҳафта дар Чин қарор дошт, ба чунин хулоса омад.
Таҳқиқотҳои охирин нишон доданд, ки он аз лаборатория ихроҷ нашудааст. Мутахассисони СҶТ муътақиданд, ки ин вирус ба инсон аз ҳайвон гузашт. Вале, онҳо то ҳанӯз намедонанд, ки аввалин паҳнкунандаи вирус кадом ҳайвон буд. Баъзе аз коршиносон бошанд, мепиндоранд, ки COVID – 19 аз хӯрокҳои яхкардашуда паҳн шудааст. Алҳол гурӯҳи СҶТ якҷо бо мутахассисони чинӣ бозори Хуанан дар Уханро, ки нахустин ҳолатҳои сироятёбии одамон дар он ҷо ба қайд гирифта шуд, амиқан меомӯзанд.
 
 
КИШОВАРЗОНИ РОССИЯ БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ НИЁЗ ДОРАНД 
РБК. Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Виктория Абрамченко ба вазоратҳои кишоварзӣ, меҳнат ва корҳои дохилӣ  супориш дод, ки масъалаи ҷалби муҳоҷиронро барои корҳои мавсимии хоҷагии қишлоқ дар соли равон биомӯзанд. 
Чуноне иттилоъ дода мешавад, муовини аввали вазири кишоварзӣ Ҷамбулат Хатуов ба муовини раиси Ҳукумат муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки ба таври истисно марзро барои коргарони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ боз намоянд. Ӯ ёдовар шуд, ки бино бо сабаби як қатор равандҳо, хоҷагии қишлоқ ба ҷалби иловагии қувваи корӣ ниёз дорад. Алҳол дар музофотҳо 38,2 ҳазор коргар намерасад. Тибқи шикояти баъзе кишоварзон, сокинони маҳаллӣ дар саҳро кор кардан намехоҳанд, ҳол он ки дар муқоиса бо муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ва тоҷикистонӣ донишу таҷрибаи зарурӣ надоранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 159
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед