logo

иҷтимоиёт

НОМАИ ТАЪРИХӢ

Бозгӯи шуҷоату далерии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Хушвахт Азизов
Бозор Сафаралиев, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Челябински Федератсияи Россия буда, бо дастовардҳои илмиву эҷодии худ дар ин давлати бузург мавқеашро ҳамчун намояндаи як миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг пайдо намудааст. Ӯ рӯ ба омӯзиш оварда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи корҳои илмӣ талош меварзад. Аз оне, ки ҳамчун профессор чандин шогирдони миллатҳои гуногунро ба фатҳи қуллаҳои мурод расондааст, аз ҷумлаи  дастовардҳои навбатиаш буда, тасмим дорад дар ин самт боз ҳам муваффақу комёб гардад. 
 
Дастовардҳои меҳнатии профессор Бозор Сафаралиев дар ҷодаи илму фарҳанг зиёд аст, аммо номаеро, ки ба тозагӣ аз Россия ба Ватан ирсол кард, муваффақияти навбатиаш маҳсуб меёбад, ки дар он омадааст:
«Салому дуруд мегӯям ба кулли ҳамватанони меҳрубону азизам, ки имрӯзҳо бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳама якдилона омодагӣ гирифта истодаед. Аз фарорасии чунин як соли таърихиву санаи воқеан мубораку таъсиргузор мо низ шоду масрурем. Дур нест он рӯз, ки дар масири амалигардии ҳадафҳои стратегии роҳбарияти олии мамлакат, Тоҷикистон дар радифи давлатҳои мутараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеашро боз ҳам устувор намояд.
Умедворам матлаби номаам шояд рози дилу орзуҳои чандин пайвандонам низ бошад, мавриди писанди хонанда гардад, ки рӯзҳое буд ҳамватанонамон дар роҳи Ватан чи ҷонбозиҳое кардаанд.
Инак, 75 сол мешавад, ки ҳамасола  9 май солгарди Рӯзи ғалабаи халқи шӯравӣ бар зиди фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 15 давлати бо ҳам бародар, хосса дар  Федератсияи Россия хотирмон таҷлил мегардад. Онҳое, ки аз ҷанги хонумонсӯз баргашта буданд, чун гули сари сабад зиндагонии хушу осуда ба сар бурда, аксарияташон ба даврони пирӣ расидаву ин дунёро падруд гуфтаанд. Ҳар ҷое, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳузур доштанд, он ҷо нисбаташон эҳтиром мегузоштанд. Модару дигар пайвандонам дар суроғи тағоям Хушвақт Азизов, ки дар  ин  ҷанг  бедарак гашта буд, ҳамеша пазмон буданд. Сахт дарднок аст, вақте намедонӣ пайвандат куҷост, зиндааст ё не. Ба маълумоти хонандаи азиз мерасонам, ки тағоям Азизов Хушвақт соли 1921 дар қишлоқи Тутбулоқи намаки ноҳияи Ёвон ба дунё омада, баъди хатми  бахши омӯзгорӣ бо мақсади таълиму тарбияи фарзандони миллат ба сифати омӯзгор ба ноҳияи Сари Хосор сафарбар шудааст. Солҳои 1942 – 1943 ӯро ба сафи сарбозони қӯшунҳои шӯравӣ даъват намудаанд. Ҳамин тариқ, ба ҷанг рафтаву беному нишон гардид. Ҳар гоҳе, модари ҷигарбанду меҳрубонам ёди додар мекарданд, ашк мисли селоб рухсораи зебояшро мешусту баъзе ҳолат нафас гулӯгираш мекард. Ҳарчанд мехостам очаҷонро таскин бахшида ором намоям, аммо бароям мушкил буд, ки, воқеан дар фироқи фарзанди падар сӯхтан имтиҳонест бузург. Соли 1987 аспиранти яке аз донишгоҳҳои Москва будам. Баъд аз талошҳои зиёд бароям маълум шуд, ки Хушвахт Азизов дар яке аз муҳорибаҳои шадиди майдони ҷанг ҷароҳат бардошта, аз таъсири он соли 1944 ҳалок гардидааст. Турбаташ дар радифи ҳомиёни Ватан, ки синаи хешро сипар карда, ҳалок гардидаанд, дар қабристони бародарии деҳаи Журавка, ноҳияи Городишенски вилояти Черкаси Украина мебошад. Соли 1988 бо ҳамроҳии тағоям Изатулло Азизов ва бародарам Сайдалӣ Бозоров дар ин мавзеи хомӯшон, ки хуфтагон бо чӣ қадар орзуву ормонҳо ин дунёро падруд гуфтаанд, назди ҷигарбандамон қарор гирифтану дар ҷашни солгарди Рӯзи ғалаба ширкат варзидан, бароямон боиси шукргузорӣ буд. Аммо ҳамеша эҳсоси хиҷолат мекашидам. Охир ба модар ваъда дода будам, ки то қудрат дорам қаҳрамониҳои тағоямро бо исботу далелҳои воқеӣ, тариқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷӯё мешавам. Хуб ёд дорам, ки ягона орзуи модар дидори додар буд ва ё худ нишонаҳое аз он рӯзҳое, ки ба сар мебурд. Пайи корҳои илмиам қарор доштаму ҳамзамон, дар суроғи дарёфти маълумоти бештари тағоям будам, ки хушбахтона, аз бойгонии Федератсияи Россия ба тозагӣ ҳуҷҷатҳое дарёфт кардам, ки бозгӯи қаҳрамониҳои ин родмарди миллат буд. Кош модари меҳрубон ин лаҳзаҳо мебуданду аз нишони додари раҳинтизорашон, ки баҳри амнияту суботи миллату халқиятҳои бародар ҷангидааст, бохабар мешуданд. Ин ҳуҷҷатҳо арзишу бузургӣ, гармиву самимият доштанд, ки қалбам таскин ёфт, яъне он ваъдаеро, ки ба модар дода будам иҷро шуд, ки намунаашонро бароятон  ирсол намудам. Соҳиби ду нишон будани Азизов Хушвахт, ки яке барои «Хизмати ҳарбӣ» ва дигареро барои «Шуҷоат» ноил гардидааст, ифтихори ҳамаи мост. 
Ба роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки номаамро ба хотири муаррифии дастовардҳои як абармарди миллати тоҷик, ки, воқеан сарбози шуҷоу далер буда, қаҳрамонона дар майдони муҳориба ҳалок гаштааст, рӯи чоп меоваранд, сипосу дуруд гуфта, миннатдории худу пайвандонамро изҳор медорам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2021    №: 33    Мутолиа карданд: 266
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед