logo

иҷтимоиёт

КОРОНАВИРУС. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Дар даҳсолаи охир ҷомеаи инсониро бемориҳои гуногуни марговар таҳдид мекарданд. Аз ҷумла, ВИЧ-СПИД, ГЕПАТИТ ва монанд ба инҳо, ки ҳар яке ба худ ҷараёни гузариши инфексионӣ доштанд. Масалан, ВИЧ-СПИД бо роҳҳои алоқаи ҷинсии бемуҳофизат, тавассути хунгузаронӣ бо як сӯзандору ба якчанд нафар ё модари дорандаи ин вирус ба тифли навзодаш. ГЕПАТИТ бошад, бо роҳҳои аз ҳад зиёд истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, асбобҳои дандонканӣ, риштарошӣ ва ғайра  сироят карда мешуд, вале инсоният аз ин намуди бемориҳо он қадар тарсу ҳарос надошт. Сабаби тарс надоштан дар он аст, ки ин намуди бемориҳо дар шароити муқаррарии зиндагӣ намегузаштанд.   
Соли 2019 сайёраи Заминро бемории COVID-19 думболагир кард, ки қисмати зиёди ҷавонону калонсолон  ҷони худро аз даст доданд. Сироятёбӣ ба коронавирус  аз салом кардан, атса задан, дар масофаи наздики иҷтимоӣ суҳбат кардан, аз асбобҳои рӯзгори зиндагӣ якҷоя истифода бурдан ва ғайра манша мегирад. Аз ин рӯ, инсониятро мебояд, ки дар давоми кору зиндагии ҳаррӯза эҳтиёткор бошад. Нишонаҳои коронавирус ба зуком монандӣ доранд. Масалан, сулфа, таби баланд ва душворшавии нафаскашӣ. 
Аз нуқтаи назари олимони  соҳаи тандурустӣ  85 дарсади гирифторони COVID-19 ба табобат ниёз надоранд. Бо вуҷуди ин, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки хеле одӣ ва дастрасанд, барои ҳама ҳатмист. Танҳо дар ҳамин ҳолат шиддати беморӣ хеле поён хоҳад рафт. Табибон дар ибтидо аз ҳозирон иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ - бастани ниқоб, тамйиз намудани дастон бо маҳлули зиддиуфунӣ ва риояи фосилаи иҷтимоиро талаб менамоянд. Вобаста ба ин, дар бораи хусусиятҳои коронавирус таъкид намуданд, ки  он вабо нест, танҳо навъе аз вирус аст. Инсоният борҳо ин бемориро паси сар намудааст
Соли 2002 коронавирус бо номи «SARS», ки аз ҳайвонот ба одам гузашт, тағйири шакл намуд. Намуди дуюм, ки соли 2012 пайдо шуд, номи «MERS»-ро дошт ва COVID-19 намуди сеюми он аст, ки аз «SARS ва «MERS» тафовути зиёд надорад ва манбаи пайдошавиаш мисли коронавирусҳои аввал кӯршапарак аст. 
Ҳамин тариқ, дар як марҳалаи кӯтоҳ дар луғати тибби дунё ин беморӣ бо номҳои коронавирус COVID-19  ва пандемия ворид шуд, ки барои аксари аҳолӣ нофаҳмо буд. Аз моҳи декабри соли 2019 тавассути воситаҳои ахбори умумии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаҳон воқиф шуд, ки дар вилоят ё худ минтақаи Ухан бемории бо хосияти хеле фоҷиабору паҳншавии бемисл ва басо даҳшатзояш сироятӣ ва гузаранда сарчашма гирифтааст. Олимон ва мутахассисон омӯхта ва муайян намуданд, ки он чӣ гуна беморӣ аст. Асоси пайдоиши ин бемории сироятӣ ва паҳншавии он кӯршапарак ва мори баҳрӣ буда, шахси мубталои ин касал паҳнкунандаи бемории нав ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин ҷо муайян ва номи бемории сироятӣ коронавирус гардид, ки он ба «тоҷи офтобӣ» ҳангоми торикӣ шабоҳат дошта, дар рӯйпӯшаш шохаҳо аёнанд. Номи кӯтоҳи он дар олам COVID-19 буда, рақами 19 соли пайдошавии вирус ва калимаи пандемия онро ифода мекунад, ки  сироят бисёр давлатҳоро фаро гирифтааст.   
Ҳоло вазъият дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо беҳтар аст. Шумораи беморон ва гирифторшавӣ ба он зиёд нест ва тарсу таҳлука низ ба назар намерасад. Агар  қоидаҳои беҳдоштӣ дар фасли сармо риоя нашаванд, эҳтимол аст, ки баъзе аз мушкилиҳо ба вуҷуд оянд.
Аз ҳавои сард натарсида,  барои пешгирии ин беморӣ ҳамеша ҳавои хонаро тоза нигоҳ дошта, қоидаҳои гигиениро риоя намудан лозим аст. Ниқобҳои истифодашуда ва ашёи  дигари олудаи коронавирусро муддате дар оби ҳарораташ баландтар аз 60  дараҷа нигоҳ доштан зарур мебошад. Ҳар рӯз асал, лимӯ, қурут ва чака истеъмол намудан масунияти баданро тақвият мебахшад. Дар сурати риоя намудани қоидаҳои гигиению санитарӣ аз нуқтаи назари донишмандони илми тиб пас аз як сол ин беморӣ аз байн хоҳад рафт. 
Г. ХУШВАҚТОВ, 
Т. ИБРАГИМОВ,
устодони калони кафедраи  илмҳои 
гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси ВА ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2021    №: 34    Мутолиа карданд: 234
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед