Хабарҳо
ҶАҲОН
ТАҚОЗОИ БАЙДЕН АЗ КОНГРЕСС
Bloomberg. Президенти ИМА Ҷо Байден аз Конгресс даъват ба амал овард, то ба қонунҳое, ки иҷозати доштани яроқи оташфишонро танзим менамоянд, тағйирот ворид шавад.
Ба ақидаи Президент, пеш аз савдои ҳама гуна яроқи оташфишон бояд гузаштаи харидорон тафтиш карда шавад. Инчунин, фурӯши яроқҳои автоматию нимавтоматӣ ва дорои тирдони ҳаҷмаш калон манъ гардад. Ғайр аз ин, ба пиндори Байден, истеҳсолкунандагоне, ки дидаву дониста яроқро ба шахсони тасодуфӣ мефурӯшанд, бояд ба оқибати кирдорашон ҷавоб диҳанд.
Ба гуфтаи Байден, зарурати тағйирот дар ин соҳа ба кушторҳои оммавӣ рабт дорад.
- Бо ин амал мо дар назди ҳалокшудагон ва касоне, ки барои онҳо дар мотаманд, қарзи инсонии хешро адо хоҳем кард. Вақти он расидааст, ки амал намоем, - иброз дошт Президент.
ТЕЪДОДИ ШАРИКОНИ ТИҶОРАТИИ БЕЛАРУС МЕАФЗОЯД
РБК. Беларусро мамлакатҳои зиёд дастгирӣ менамоянд ва теъдоди шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ торафт меафзояд, - иброз дошт вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии РБК.
- Ман ба ақидаи онҳое, ки гӯё Беларус ба ҷуз Россия бо дигар кишварҳо робитаи ҳасана надорад, розӣ нестам. Муносибатҳои мо бо баъзе давлатҳои Осиё, аз қабили Чину Покистон, инчунин, Африқо ва Амрикои Лотинӣ хубанд, - илова кард Макей.
Ба гуфтаи вазир, соли 2020 гардиши мол бо даҳҳо давлат афзудааст.
ХБФ ОИД БА БОЗДОШТИ ИШТИРОКДОРОНИ ГУРӮҲИ ТЕРРОРИСТИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ХАБАР ДОД
РИА «Новости». Хадамоти федералии бехатарии Россия дар вилоятҳои Новосибирск ва Томск аз боздошти ду нафаре, ки созмони байналмилалии террористии мамнӯъ дар Россия «Катиба тавҳид ва -л- ҷиҳод»-ро маблағгузорӣ менамуданд, хабар дод.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, яке аз дастгиршудагон шаҳрванди Россия буда, дигарӣ шаҳрванди яке аз кишварҳои хориҷи наздик мебошад. Нисбат ба онҳо барои фаъолияти террористӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тибқи фарзияи тафтишот, гумонбаршудагон аз соли 2020 ба ин сӯ мунтазам ба кортҳои бонкии созмони террористӣ маблағ интиқол медоданд.
ХУЛОСАИ СҶТ ОИД БА ЗАМОНИ ПАЙДОИШИ ПАНДЕМИЯ ДАР ЧИН
CNN. Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳангоми омӯзиши пайдоиши коронавирус ба хулоса омаданд, ки паҳншавии ин беморӣ барвақаттар аз эълон доштани ҳукуматдорони Чин оғоз ёфтааст.
Инро натиҷаҳои таҳқиқоти гузарондаи онҳо дар шаҳри Ухан, ки аввалин ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда буд, собит менамояд.
Муҳаққиқи пешбари СҶТ Питер Бен Эмбарек изҳор намуд, ки, ҳанӯз, декабри соли 2019 дар Ухан бештар аз даҳҳо штамми вирус дарёфт гардида буд.
БАЙДЕН МАВЗӮИ МУҲОКИМАРО ДАР САММИТИ G7 ЭЪЛОМ ДОШТ
Интерфакс ру. Бино ба изҳороти Қасри сафед, Президенти ИМА Ҷо Байден ҳамроҳи дигар роҳбарони кишварҳои «Гурӯҳи ҳафтгона» (G7) рӯзи ҷумъа дар саммити фосилавӣ, ки ба тадбирҳои дастаҷамъона вобаста ба пешгирии паҳншавии COVID – 19 ва тақвияти кӯшишҳо оид ба барқарорсозии иқтисоди ҷаҳонӣ бахшида мешавад, иштирок менамояд.
«Президент Байден дар баробари чораҳои мубориза алайҳи пандемияи COVID – 19, инчунин, ба масоили истеҳсол ва паҳн кардани ваксинаҳо таваҷҷуҳ хоҳад кард», - гуфта мешавад дар хабар.
Ҳамзамон, ҳангоми суҳбат бо ҳамтоён ба мавзӯи барқарорсозии иқтисодиёт пас аз пандемияи коронавирус диққати махсус дода мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 127