Хабарҳо
РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД
Тоҷикистони азизи мо дар шароити имрӯза ба марҳилаи нави рушд расидааст. Акнун бо имконоти зеҳнӣ ва захираҳои фаровони ашёи хом зарур аст, ки мо онро ба як кишвари пешрафтаи саноатӣ бо неруи бузурги содиротӣ табдил диҳем. Маҳз бо ҳамин мақсад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Рушди бемайлони соҳаи саноат яке аз роҳҳои устувор гардондани мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат дар ноҳияи Рашт бо ҷалби сармояи хусусӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегиранд.
Бино ба иттилои Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳия, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар солҳои 2018 - 2021, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, коргоҳҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулотҳои қаннодӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли хиштҳои сементиву пухта ва масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) ба фаъолият оғоз намуданд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ба роҳ мондани кор дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизотҳои лозимӣ ворид гардиданд.
Барои ташкили фаъолияти корхонаи истеҳсоли макарон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоту технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, дар шафати корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм бинои нав омода шуда, дар муҳлатҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Дар 11 моҳи соли сипаришуда ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 45 миллиону 122,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҶСК “Ангишти Камароб” зиёда аз 60 000 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 000 тонна ва 7 миллиону 980 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 205