Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Interfax.ru. Афзоиши шабонарӯзии теъдоди беморони коронавирус дар ФР 13 233 нафарро ташкил дод, ки аз даҳаи моҳи октябри соли 2020 пасттарин нишондод ба ҳисоб меравад.
Известия. Намояндаи махсуси ФР оид ба Сурия Александр Лаврентйев иброз намуд, ки зимни музокирот оид ба вазъи Сурия дар Сочи, Россия ният дорад ба раванди баэътидоловарии вазъи ин кишвари арабӣ такони тоза бахшад.
Синхуа. Тибқи хабари Ассотсиатсияи автомобилҳои мусофиркаши Чин, бо сабаби афзоиши талабот дар арафаи иди Баҳор ва тадбирҳои ҳавасмандкунӣ, моҳи январи соли ҷорӣ фурӯши автомобилҳои мусофиркаш дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд шуд.
Анадолу. Бар асари таркиш дар ноҳияи Ал-Анбари музофоти Форёби Афғонистон, ҳафт корманди политсия ба ҳалокат расид,- хабар додааст хадамоти маҳаллии бехатарӣ.
АИР «Новости». Ширкати ҳавопаймоии «Ангара»-и Иркутск ба мусофире, ки дар натиҷаи фурудоии иҷбории тайёраи АН – 24 дар Бурятия ҳар шаб хобҳои ваҳмангез мебинад, 300 ҳазор рубл ҷубронпулӣ хоҳад пардохт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 198