logo

иҷтимоиёт

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "ЗАНОНУ МОДАРОН НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТАНД"

Ҳамасола Паёми Президенти кишварро мардуми шарифи Тоҷикистон, бавижа бонувон, бо иродату рағбати хоса интизору истиқбол менамоянд. Зеро навиду пайки некеро он ҳатман ба армуғон меорад.  Дар фазои амну субот, дар толори барҳавои Кохи Сомон, дар рӯҳияи идонаю симои оростаю пероста дидани Пешвои миллат ва мустақиману бевосита шунидани Паём, ки ҳарф - ҳарфаш аз созандагию ободкорист, бахти баландест. Аммо, махсусан, шунидани ин таъкидҳо: “То вақте ки ҳастам, ҳамин сиёсати худро доир ба дастгирии занону бонувони мамлакат ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунам ва ба шумо содиқона хизмат мекунам” иқболи баландтар аз он аст. Чун ин суханҳоро шунидем, таассуроте ба амал омад, ки аз умқи қарнҳо шоҳ Исмоили Сомонӣ бурун омад. Ӯ низ гуфта буд: “То вақте ки ман зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам”.  Исмоили Сомонӣ дар рӯҳу равони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайвасту аз ин минбари баланд дар рӯбарӯи мо истод. Ин амр шаҳодат аз табору вориси ин сулолаи бузург будани Пешвои муаззами миллатро медиҳад, ки мо - аҳли нишаст дар мағз-мағзамон дарк кардем.
Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ироаи Паём ин суханҳоро бадоҳатан, аз таҳти дилу иродату имонашон гуфтанд, на аз рӯйи барномаи тарҳрезишуда. Ин гуфтаҳо собит месозанд, ки ӯ меросбардори асил, аз хуну хок ва решапайванд бо аҷдодону табори худ – Оли Сомон аст, бо ҳамон далерию шуҷоатмандӣ, нусрату неруи созанда. 
Ин ду абармарди таърихӣ суханони шиоромези худро замоне ва баҳри он қишре гуфтаанд, ки аз ҳар ҷиҳат осебпазиранд. Яке замоне гуфт, ки барои мустаҳкам намудани иқтисодиёти давлат ва ободии он камари ҳиммат баста буд, аммо душманони миллат монеаҳо эҷод мекарданд. Мардуми Бухоро, ки аз тохтутози бодиянишинон ба танг омада буданд, масири раҳоӣ аз ин бунбаст ва аз ғасбу ғорати бодиянишинон ва эмин нигоҳ доштани шаҳр девор гирифтани атрофи онро медонистанд. Аммо Исмоили Сомонӣ бо рӯҳи шикастнопазире, ки дошт, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва далерӣ дар посух ин суханҳоро гуфт ва бо ин собит намуд, ки давлату миллат соҳиби асили худро дорад ва намегузорад нохалафе аз марзу буми он убур кунад. Ҳатто лозим шавад, чун ҷавшан, чун сипар, чун девор бар зидди ғосибон истодагарӣ намуда, ҷисму ҷонашро баҳри дифоъ аз Ватани маҳбуб қурбон мекунад. 
Дуюмӣ, замоне ба арсаи давлатдорӣ қадам гузошт, ки Ватани азизаш оғуштаи хоку хун буд, мардум хастаю дилозурда, ташнаи сулҳ, ташнаи осудагию оромӣ, суботу амният буданд ва ин суханҳо: “Ман ба шумо сулҳ меоварам”, “То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худамро ором намеҳисобам”, “Аз аввали солҳои сари қудрат омаданам, маро ҳамеша занони тоҷик дастгирӣ намудаанд” малҳаме шуданд ба захми мардум. Ва, инак, бо гуфтани “То вақте ки ҳастам, ҳамин сиёсати худро доир ба дастгирии занону бонувони мамлакат ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунам ва ба шумо содиқона хизмат мекунам” дигар ба кирдору гуфтор як будани Пешвои миллатро собит намуд. Воқеан ҳам, чун сари қудрат омаданд, ба мо сулҳро оварданд, ғарибонро баргардонданд, мақоми занонро баланд бардошта, ҳамеша дастгиру мададгори бонувони тоҷик буданду, ҳамеша дар зимоми давлатдорӣ ба ин қишр такя мекарданд ва ин сухан дигар ба ҳама кору пайкорашон далели раднопазир аст. 
Таваҷҷуҳи Пешвои миллатро мо - бонувон пайваста эҳсос менамоем. “Нигини тоҷи миллат” хондаанд мо – занонро Сарвари давлат. Магар аз ин дигар таъбири беҳтаре метавон ёфт? Дар тамоми суханронию ироаи паёмҳо аз мақому манзалати мо ёдрас шуданашон ва қабули санаду қонун, барномаю консепсияҳо доир ба ҳифзи занон мадракҳои раднопазиранд. Дар ин Паём низ чун сухан аз бонувон рафт, оғоз чунин буд: 
“Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад”. Бале, ин далели таваҷҷуҳи бесобиқаи Сарвари давлат ба мо – занон аст.  
Нуктаи муҳими дигарро, ки наметавон ин ҷо аз он ёдрас шуд, ин буд, ки бо ба инобат гирифтани ташаббусҳои созандаи бонувони кишвар Ҳукумату давлат ба хотири ҷалби бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда минбаъд низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Дар ҳамин замина, ба яке аз ниҳодҳои бонуфуз - Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2030 ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 - 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Мӯҷиби шукргузорист, ки ба бахти мо - мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиндагонии мо тулӯъ кард: бо масоҳати бисёр азими пиндору назар, бо маърифати вусъатманде, ки фарогири қарнҳову замонҳост. Мардуми тоҷик ба ҳама он умеду орзу, мақсаду ормонҳои дили худ таҳти роҳбарии ин марди шуҷоъ ва диловар расиданд, соҳиби арзишҳои миллӣ, Ватани ободу зебо гардиданд! 
Дар оғози сухан Пешвои миллат бо таассуф ва дарду сӯз, вале умедбахш “аз ҳар лиҳоз вазнин будани соли 2020”-ро зикр намуданд. Соли 2021 барои мо соли таърихист, чун мардуми шарифи Тоҷикистон сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн хоҳанд гирифт. Махсусан, мо - бонувони тоҷик дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои худ бояд устувор бошем ва ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷуҳу дастгирию мададҳои рӯзафзуни ин абармарди нексиришт илҳом аз гуфтаҳои худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯем: то Шумо ҳастед, хоки муқаддаси Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон побарҷост, фарзандони азизамон саломатанд, забони шевою ширини тоҷикӣ давлатист ва марзу бум мустаҳкам аст, ба сиёсати давлатӣ устувор ҳастем!
 
Зебониссо БОБОАЛИЕВА, 
проректори Донишкадаи 
давлатии забонҳои 
Тоҷикистон ба номи 
Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2021    №: 36    Мутолиа карданд: 329
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед