Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Радио «Спутник». Президенти Парагвай Марио Абдо Бенитес барои ба кишвар интиқол додани ваксинаи "Спутник V" ба Сарвари ФР Владимир Путин изҳори миннатдорӣ намуд,- хабар додааст хадамоти матбуоти Кремл.
«Российская газета». Маҷлиси миллии Фаронса лоиҳаи қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизмро ҷонибдорӣ намуд.
АИР «Новости». Хадамоти федералӣ оид ба моликияти зеҳнии Россия рӯйхати 10 ихтирои асосии олимони кишварро тартиб дод, ки яке аз онҳо ваксина барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил мебошад.
BBC. Ҳукуматдорони Британия чор шаҳрванди хориҷиро, ки ба кишвар омада, аз карантин канораҷӯӣ мекарданд, 10 ҳазор фунт стерлингӣ ҷарима бастанд.
REGNUM. Бар асари сардиҳои шадид, дар иёлатҳои Техас, Орегона ва Вирҷинияи ИМА беш аз 1,8 миллион бинои истиқоматӣ аз неруи барқ маҳрум гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 126