logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

КОРРУПСИЯ. АГЕНТӢ НАЗДИКИ 300 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВИРО БАРҚАРОР КАРД 
 
Соли 2020 мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 811 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронданд. Дар натиҷа, ба маблағи 348,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва тавассути чораҳои андешидашуда, 295,9 миллиони он (76,3 миллион ба Буҷети давлатӣ ва 219,6 миллион ба корхонаву муассисаҳо) барқарор гардид.
Ин нуктаро Сулаймон Султонзода, директори агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.    
Дар робита ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» оид ба саҳми комиссияҳои ҷамъиятӣ дар пешгирии коррупсия чунин посух дода шуд:
- Ҷиҳати пешгирии коррупсия дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис ёфта, низомномаи он аз тарафи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Бояд гуфт, ки дар баробари сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун усули самараноки пешгирии коррупсия арзёбӣ мегардад. Дар аксар мақомоте, ки мо дар он ҷо санҷиш гузарондем, фаъолияти онҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ ГУМРУКӢ  КОҲИШ ЁФТАНД
Соли гузашта муомилоти мол миёни Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ ба 4 миллиарду 450,8 миллион доллари ИМА расид, ки беш аз 3 миллиарди онро воридот ва 1 миллиарду 311,3 миллионашро содирот ташкил медиҳад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар ин давра содироти мол ба Афғонистон, Белгия, Италия ва Покистон афзуд.
Бино ба гуфтаи Азим Турсунзода, порсол ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ  коҳиш ёфтанд, ки ин, пеш аз ҳама, ба пурзӯр намудани назорат дар сарҳади давлатӣ,  тадбирҳои андешидаи мақомоти гумруку ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии қочоқи мол, ташкили корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ  ва вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус манъ шудани рафтуомади одамон тавассути сарҳади гумрукӣ алоқаманданд.  
 
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият» 
 
 
ДУШАНБЕ.  САНОАТ РӮ БА РУШД ДОРАД
Амирхон Қурбонзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта дар пойтахт 33 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 1600 ҷои нави кор таъсис ёфт. Аз ҷумла, бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва ҳафт корхонаи саноатӣ дар кӯчаи Зебуннисо 5, ифтитоҳ ёфтанд. Ин иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ баҳри татбиқи ҳадафи стратегии чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ба  рушди соҳаи саноати шаҳр заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳамин аст, ки соли 2020 - ум 483 корхонаи саноатӣ ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ба маблағи беш аз 6 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот намуд.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 
 
Беш аз 15 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик», зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки порсол ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 15 миллиарду 248,4 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2019 1 миллиарду 215,6 миллион кВт-соат кам аст. Сабаби коҳишёбии истеҳсоли неруи барқ маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам шудани сатҳи оби дарёи Вахш мебошад. Ин омил ба содирот низ таъсир расонд ва дар ин давра ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 1 миллиарду 536,8 миллион кВт-соат неруи барқ фурӯхта шуд.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, ШСХК «Барқи тоҷик» соли гузашта 4 миллиарду 335,8 миллион кВт-соат неруи барқ харид, ки нисбат ба соли 2019 - ум 295,3 миллион кВт-соат бештар аст. 
 
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»
 
 
ШОҲИН САИДЗОДА: "КОРРО АЗ ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО ОҒОЗ КАРДЕМ"
Дар нишасти хабарии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода, директори ниҳод, иттилоъ дод, ки 520 муассисаи таълимиро аз аттестатсия гузаронда, як қатор камбудиҳоро ошкор кард.
- Кам будани шумораи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, ба талабот ҷавобгӯ набудани бо такмили ихтисос фаро гирифта шудани омӯзгорон, нарасидани китобҳои дарсӣ ва компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин, дар сатҳи зарурӣ набудани забондониву таҷрибаи кор бо технологияи муосир моро водор мекунад, ки дар ин самт чораҳои иловагӣ андешем, - афзуд ӯ.
Зикр гардид, ки агентӣ навтаъсис буда, баробари пур шудани воҳидҳои корӣ дар дастгоҳи марказӣ ва, муҳимтар аз ҳама, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мушкилоти мавҷуда тадриҷан ҳалли худро меёбанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
ФДДМ БА НОМИ М. В. ЛОМОНОСОВ.  ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН 
ДАР ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Рустам Ғаниев, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли гузашта донишҷӯёни муассиса ҳамасола дар конференсияҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Боиси зикр аст, ки соли гузашта донишҷӯи курси сеюми равияи математикаи амалӣ ва информатика Ҳикматулло Исматов дар Олимпиадаи байналмилалии IMPACT аз фанни математика соҳиби медали нуқра ва дар 8-умин Олимпиадаи кушоди Донишгоҳи Беларус ва Россия дар соҳаи математика сазовори медали тилло гардид.
Тавре гуфта шуд, филиал бо муассисаҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаҳои зич дошта, 17 созишнома ва шартномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла бо Академияи кӯҳкории Донишгоҳи техникии Фрайбург (Олмон), Донишгоҳи Падова (Италия), Донишгоҳи иқтисодии Санкт-Петербург, Донишгоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии  Созмони иқтисодии АвруОсиё,  Донишкадаи технологии кимиёи Тошканд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, бастааст. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯёни ФДДМ таълимро дар дилхоҳ муассисаҳои таҳсилоти олии зикршуда идома диҳанд. 
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 169
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед