Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР «Новости». Муовини сардори Конференсияи Мюнхен оид ба амният Борис Руге изҳор доштааст, ки барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ Ғарб ба ҳамкорӣ бо Россия ниёз дорад.
ТАСС. Бар асари заминҷунбӣ, ки дар қисми марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба амал омад, 42 нафар осеб дид.
АИР «Новости». Дар натиҷаи таҳқиқот, олимони ҷопонӣ доруеро интихоб намуданд, ки дар бадани инсон ҳуҷайраҳои пиршавиро бозмедорад ва истифодаи он метавонад, аллакай, пас аз панҷ - даҳ сол оғоз гардад.
Синхуа. Қувваҳои таъйиноти махсуси Неруҳои Мусаллаҳи Афғонистон 24 нафарро аз маҳбаси паноҳгоҳи ҳаракати иртиҷоии «Толибон», воқеъ дар вилояти Қундуз, озод намуданд.
МИР 24. Дирӯз бори аввал аз оғози пандемияи коронавирус тариқи хатсайри Боку – Москва парвози тайёраи мусофиркаш сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 149