Хабарҳо
АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД
ТАСС. Хадамоти федералии бехатарии ФР, қисмҳои ҳарбии Хадамоти федералии қӯшунҳои гвардияи миллӣ ва ВКД-и Россия зимни амалиёти густурда дар ҷумҳуриҳои Қрим, Бошқирдистон, Доғистон, шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Приморск, кишвари Краснодар, вилоятҳои Орёл, Калуга ва Иваново аъзои созмони байналмилалии террористиии «Ҳизб ут-Таҳрир»-ро дастгир намуданд.
Дар маҳалҳои зисти боздоштшудагон маводҳои таблиғотӣ, васоити алоқа, асбобҳои электронии иттилоотӣ, ки ҳангоми фаъолияти террористӣ аз онҳо истифода мешуданд, мусодира гардид.
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПУТИН БО ТОКАЕВ
ТАСС. Зимни суҳбати телефонӣ Президенти ФР Владимир Путин ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев масоили мубориза бо пандемияи коронавирус, инчунин, истеҳсоли ваксинаи «Спутник V»-ро дар Қазоқистон баррасӣ намуданд. Дар ин бора маркази матбуоти Кремл хабар додааст.
«Ғайр аз ин, ҳангоми суҳбати дӯстона масъалаҳои муҳимтарин, ки ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва байниминтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯ қарор доштанд, матраҳ шуданд»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС ВА РОССИЯ МЕТАВОНАНД ХУДРО КОМИЛАН ТАЪМИН НАМОЯНД»
ТАСС. Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор намуд, ки Беларус ва Россия, сарфи назар аз таҳримоти гуногун, метавонанд онҳоро рафъ намуда, худро ба тамоми маводи зарурӣ пурра таъмин созанд. Ин ақидаро ӯ ҳангоми вохӯрӣ бо Котиби давлатии Иттиҳоди давлатҳои Россияю Беларус Григорий Рапота иброз дошт.
- Россия ва Беларусро мудом бо таҳримот метарсонанд. Ман зодаи давраи шӯравиам ва медонам, ки нақшаи давлатӣ чист ва он чӣ гуна тарҳрезӣ мешуд. Мо метавонем ояндаро пешбинӣ кунем ва хешро комилан таъмин намоем,- гуфт Лукашенко.
ҲАМКОРИҲОИ ТУРКМАНИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ТАВСЕА МЕЁБАНД
МИР 24. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи шартномаҳои қаблан мувофиқашуда ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
ҚАРИБ 60 ДАРСАДИ АҲОЛИИ СУРИЯ ДАР ҲОЛАТИ ҚАШШОҚӢ ҚАРОР ДОРАД
АМИТ «Ховар». Қисми зиёди сурия-гиҳо қашшоқ гарди-данд. Бештар аз 12 миллиони онҳо, ки қариб 60 дарсади аҳолии Сурияро ташкил медиҳад, наздик ба ҳолати гуруснагӣ қарор доранд. Нархи ҳадди ақалли маҷмӯи маводи ғизоӣ дар як моҳ аз маоши миёнаи шаҳрвандони кишвар зиёд мебошад. Дар ин хусус Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БҶО) хабар додааст. Зикр мегардад, ки бар замми пандемия, инчунин, мухолифатҳо, буҳрони иқтисодӣ ва болоравии босуръати нархи хӯроквориҳо Сурияро дар ҳолати ногувор қарор дод.
Тибқи маълумоти БҶО, тайи як соли охир дар Сурия арзиши маҷмӯи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла нон, биринҷ, наск, рӯғани рустанӣ ва шакар, 236 дарсад афзудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 205