logo

иҷтимоиёт

ҶАҲОНИ ХИРАД

Марди 70-солае, ки барфи пирӣ рӯи сараш маъво гирифта, ба роҳи оҳани деҳаи Тоҷмаҳал (собиқ деҳаи Лоҳури ноҳияи Данғара) менигараду тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назараш мегузарад. Ин ҳамон роҳест, ки як замон макони бозии ӯ буду хаёлан ғарқи орзуҳои ширини кӯдакӣ савори қатора ба дуриҳои дур мерафт… Ҳамакнун он кӯдаки шӯху сармаст пири хирадест, ки қатораи умр аз ин рустои хурд то шаҳрҳои бузургаш бурд, вале порае аз қалбаш дар синаи кӯҳ, дар роҳи оҳани Тоҷмаҳал боқӣ монд… Зеро ӯ афтидану боло шуданҳоро дар роҳи ноҳамвори деҳ омӯхтаву ин ҷо номи Ҷаҳонро гирифтааст, ки, баъдан бо роҳи фарохи илм сайри олам карду имрӯз ҳама боифтихор профессор Ҷаҳон Азонзодаш мехонанд. 
Хотироти кӯдакӣ гуворотарин эҳсосест, ки ҳоло низ ҳини ба ёд овардан чашмони муаллим барқ мезананду дилаш ба ҷӯш меояд ва аз он лаҳзаҳо завқ мебарад. Беихтиёр номи падар – Азон Мизоновро вирди забон меорад, ки нахустин омӯзгори зиндагиаш аст. 
«Падарам инсони шарифе буданд. Як умр дар соҳаи кишоварзӣ кор карданд. Бо сахтгириву ҷиддият ва принсипнокию ҳалолкорӣ аз дигарон фарқ мекард. Доим таъкид менамуд, ки «ҳаққи касро нахӯред, ба роҳи бад наравед. Як пора ноне, ки бо арақи ҷабин меёбед, лаззати дигар дорад. Нӯши ҷонатон мешавад. Шумо як пуштибон доред, ки он Ватан аст. Агар хоҳед, ки соҳибобрӯву соҳибэҳтиром гардед, ба Ватан хизмат кунед. Оромише, ки ин ҷо меёбед, дар ҳеҷ гӯшаи дунё нест. Танҳо ва танҳо оғӯши Ватан ба рӯятон ҳамеша боз аст. Аз ин рӯ, барои пешрафташ сидқан талош кунед». Ана бо чунин суханҳову дар чунин муҳит 11 нафар тарбия ёфтем, ки шукр имрӯз ҳама дар зиндагӣ соҳибмақомем, - аз панди падар ёд меорад муаллим ва беихтиёр чеҳраи модар дар пеши чашмонаш гул мекунад. Модари сахтгир ва, ҳамзамон, мушфиқу меҳрубоне, ки ба ҷодаи илм роҳнамоиаш кард.  
Ин зани фариштахӯ  бо меҳмоннавозиаш дар деҳа ном бароварда буд. Аз баландии ҳавлӣ агар чашмаш ба касе афтад, одатан дар атрофи ҳавзи бо дарахтони санҷид иҳоташуда мусофирон ҷамъ меомаданд, дарҳол писаронашро бо хони пур аз нуқлу навою як чойник чой ба суроғашон мефиристод. Хато намешавад агар гӯем, ки ҳеҷ роҳгузаре бе мурооти ӯ аз Лоҳур намерафт. 
Ҳамин тариқ, аз мактаби тарбияи волидон гузаштаву бо ҳидояту роҳнамоиҳои онон дар авҷи камолоти ҷавонӣ тақдир профессори ояндаро ба Душанбе оварду роҳашро ба сӯи илм боз кард. Илме, ки маънои ҳаёташ шуд. Ҳатто, замоне, ки Душанбе дар оташи ҷанг месӯхт, ӯ бо боварӣ ба фардои шукуфони миллат машғули кори илмӣ буд. 
«Хоби шабамро кӯр карда бо тарсу ваҳм шабро дар озмоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология рӯз мекардам, - бо оби чашм аз даҳшати он рӯзҳо мегӯяд қаҳрамони мо. - Аз ваҳми он, ки ҳадафи ягон тири дайду нашавем, маҷоли ба кӯча баромадан надоштем. Зиндагӣ мушкил мегузашт. Ҳама дар фикри як пора нон буд.  Вале бо кумаки дӯстони хайрхоҳ, аз ҷумла Эдуард Тимохин, Қаюму Иброҳиму дигарон, барои дифои рисолаи докторӣ озими шаҳри Санкт – Петербурги Россия шудам. 8 моҳ роҳбари илмиам – Арбоби илму техникаи Федератсияи Россия, профессор Петр Денисенко парасториамро ба зимма дошт. Вақте рӯзи ҳимоя маро ба аъзоёни комиссия шинос мекунанд, профессор Режинков, ки аз вазъи кишвар огоҳ буд, аз академик Семёнов дар ҳақиқат тоҷик будани маро мепурсад. Семёнов мегӯяд: «Бале инҳо ворисони Синоянд. Миллати сарбаланде, ки дар замони ҷанг ҳам ба олам  олим медиҳад». 
Ман, ки чашм аз чеҳраи гарми муаллим намекандам, хуб пай мебурдам, ки ба ёд овардани он рӯзҳо барояш осон набуду дилашро кӯҳи ғам зер мекард. Вале бо нигаристан ба имрӯзи кишвар ҷои он ҳама ғаму андуҳро хушии ногуфтание гирифт… Аз он меболид, ки қудуми файзбори Пешвои миллат ба кишвар сулҳу сафо овард. 
Аз ин рӯст, ки «Ба қадри Ватан бирасем!» - шиори зиндагиаш шуда. Ҳар бор бо чашмони чун барқ рахшандааш «ба ҳеҷ куҷо наравед. Дар ҳеҷ куҷо Тоҷикистон нест. Ягона ҷое, ки модарвор мову шуморо ба оғӯш мегирад, Тоҷикистон аст», - мегӯяд.  Муаллим ватандориро дар амал собит намудааст. Як умр аз минбарҳои баланди олам манфиатҳои миллиро ҳифз кардаву ба далелҳои беасоси баъзе аз нафарон дар шинохти Тоҷикистон хати батлон кашидааст. 
Ӯ мафтуни ин сарзамин, ин обу хок аст. Забони гулу гиёҳи Ватанро медонад. Дафтари кориаш низ қисмате аз коргоҳи аттории табиат аст, ки бо гулҳо рози зебоӣ дар миён мегузорад. Чун рӯзгори шабеҳи ҳам доранд: агар накҳати гулу гиёҳ зиндагиро тароват бахшида бошад, мактаби илмиву одамгарии профессор Ҷаҳон Азонзод боиси омӯзишу пайравист. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
«Ҷумҳурият»
 
PS: Ӯ умри пурбаракаташро сарфи омӯзиши гулу гиёҳ карда, намудҳои зиёди рустаниҳои дармонбахши кӯҳсори кишварро таҳқиқ намудаву тавсияномаҳо навиштааст. Даҳ шогирд парвардаи мактаби илмии устод аст. 
Ҷаҳон Азонзод аз олимони пурмаҳсулест, ки дар зарфи ин солҳо 18 китобу рисола, беш аз 400 мақолаи илмиву наздики 150 мақолаи оммавӣ навиштааст. 11 ихтироаш патент дорад. 3 – тои он, аз ҷумла марҳамҳои рӯҳафзои «Сомонӣ»-ву «Авҷи зуҳал» ва «Роҳи Абрешим» мавриди амал қарор гирифтааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2021    №: 38    Мутолиа карданд: 164
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед