logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2020 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки соли рафта сарфи назар аз таъсири манфии пандемияи коронавирус ба вазъи иқтисодию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, барои вилояти Хатлон соли пешравиҳо дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб мегардад. Дар ин сол мардум бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд. 
Муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода доир ба иҷрои буҷет, рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар давраи зимистони солҳои 2020 - 2021, саноат ва энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва алоқа, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҷавонон, кор бо занон ва оила, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иттилоот ва табъу нашр, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳарф зад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир ба мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои саноату сохтмон, ҷамъоварии андозҳо, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва воридотивазкунанда, таъмини шароити арзанда барои кору зиндагии сокинон сухан гуфта, ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Сипас, бо иштироки Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода тақдими ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон - “Ободгари Ватан” баргузор шуд. 
Озмуни мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳар семоҳа ба соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд, тақдим мегардад. 
Кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии “Ободгари Ватан” дар семоҳаи чоруми соли 2020 соҳибкори маҳаллӣ Шодиҷон Раҷабовро барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод, Ориф Раҷабовро барои сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Каромати деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара, Раҷабалӣ Нозиловро барои ба истифода додани мактаб барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулафшони деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара қадр кард. 
Ҳамчунин, озмуни «Беҳтарин шаҳраку деҳот» дар соли 2020 натиҷагирӣ шуд.
Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам ба дигарон, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ дар вилояти Хатлон доир шуд.
Бо ин мақсад дар озмунҳо 1561 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия иштирок намуданд. Инчунин, дар марҳилаи дуюми озмуни вилоятӣ барои муайян намудани беҳтарин оила, деҳа ва деҳот дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳо ва беҳтарин оила, кӯча, маҳалла ва шаҳрак дар ҷамоатҳои шаҳраки шаҳру ноҳияҳо довталабон пешниҳод шуда буданд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида марҳилаи якуми озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо то 1 ноябри соли 2020 ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмун диплом, ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла мукофотпулиҳо, дар ҳаҷми аз 200 то 6000 сомонӣ супурда шуданд.
Омӯзиши комиссияи вилоятӣ нишон дод, ки Низомномаи озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо риоя гардида, дар доираи он корҳои назарраси ободонӣ, сохтмону бунёдкорӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ва тозаю озода намудани маҳали зистро анҷом доданд.
Дар вазъияти тантанавӣ Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода мукофотҳоро ба ғолибон аз рӯйи номинатсияи “Ҷамоати шаҳраки беҳтарин”, “Ҷамоати деҳоти беҳтарин”, “Деҳаи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин”, “Кӯчаи беҳтарин”, “Оилаи беҳтарин”  -и шаҳрак, “Оилаи беҳтарин” –и  деҳот бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 6000 сомонӣ (ҷойи якум), 4000 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 2000 сомонӣ (ҷойи сеюм) супурданд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 330
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед