Хабарҳо
МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ
Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоӣ, рушди соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ - самти афзалиятноки саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид. Ҷамъомади мазкур аз тарафи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, гузаронда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои иттифоқ, вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, ва шарикони байналмилалии рушд ҷамъ омада, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Файзалӣ Раҷабов, раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, гуфт: “Ҳадафи чорабинӣ дар шакли анъанавӣ ҷамъ овардани намояндагони бахши давлативу хусусӣ гирди як миз ва муколамаи озод миёни онҳо ҷиҳати беҳтар гардондани фазои соҳибкорӣ дар соҳа мебошад. Ҳадаф аз нишасти имрӯза доир ба амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи ҳозираи корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа мебошад”.
Саидмуъмин Камолов, роҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ илова кард: «Ман мутмаинам, ки фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, тайёр намудани мутахассисони муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосии босалоҳият, таъмини рақобатнокии маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ ва дигар ибтикороти лозима рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишварро таъмин менамояд ва қадами муҳиме дар роҳи коркарди ниҳоии нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мегардад».
Абдулло Муҳаммадиев, сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии иттифоқ, фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар соли 2020 ба риштаи таҳлил кашид. Ба андешаи ӯ: «Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар соли 2020 бо вуҷуди пандемия нишондодҳои хуб дошт. Соли гузашта корхонаҳои соҳавӣ 19 287 тонна ресмони пахтагин, 13 705 000 мет-ри мураббаъ матои пахтагин ва 7 807 000 ҷуфт ҷуроб истеҳсол карданд. Ҳамчунин, дар кишвар дар ҳаҷми 346 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ ва 2 859 000 сомонӣ маҳсулоти кешбофӣ дӯхта шуд. Инчунин, корхонаҳои кишвар 926 594 дона либоси мактабӣ ҳам истеҳсол карданд. Ба маблағи 58,8 миллион доллари ИМА маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содир шуд».
Дар мизи мудаввар, инчунин, намояндагони Вазорати саноат ва тахнологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Фонди ҷамъиятии ”Соҳибкорӣ ва рушд”, КВД бонки саноатию содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо “Тоҷикстандарт”, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз иштирок ва баромад намуданд.
Ҳусейн ДОДОҶОНОВ,
сардори маркази иттилоотии
Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 163