logo

иҷтимоиёт

АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Имрӯз мо бисту ҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва дар фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон ҷашн мегирем.
Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими  Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вобаста ба ҳифз ва ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, муҳофизати манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон гузошта шуд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбии худро бошарафона адо намуданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021, дар баробари дигар соҳаҳо, доир ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат низ таваҷҷуҳи зиёд ва махсус зоҳир карданд. Аз ҷумла, дар Паём чунин таъкид гардид: «Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар  вақти дигар таваҷҷуҳи бештар диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим - ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти  давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани  ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст». 
Сарвари давлат барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиаи кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, инчунин, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, моро уҳдадор намуданд, ки кор бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётиро тақвият бахшида, омӯзондани онҳоро аз рӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монем ва ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузарондани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълимии саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.
Боиси хушҳолист, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба мустаҳкаму устувор ва пойдор гардондани иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои судманд меандешад. Чунончи, аз соли 1993 то инҷониб қариб 600 хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиа ва аъзои оилаи онҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд. Наздики 700 афсару прапоршик ва сарбози Вазорати мудофиа барои шуҷоату ҷасорат, хизмати бенуқсон бо мукофотҳои давлатӣ, 7 нафар бо унвонҳои фахрӣ, 67 нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ гардида, ҳамзамон, борҳо маоши хизматчиёни ҳарбӣ баланд бардошта шудаанд. Сатҳи дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсӣ пайваста такмил ёфта, ҳаҷми таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ ва давлатӣ аз моҳи сентябри соли гузашта дар ҳаҷми 10 дарсад зиёд шуд. 
Дар тӯли 28 соли таъсиси ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ба дастовардҳои зиёде ноил гардиданд. 21 феврали соли гузашта, бахшида ба Ҷашни 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии  хизматчиёни ҳарбӣ баргузор шуд, ки сазовори баҳои баланд гардид. 
Айни замон, бо мақсади таҳкими иқтидори кадрӣ, дар муассисаҳои таълимии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар 1581 курсант, аз ҷумла 871 нафар дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва 599 нафар дар муассисаҳои таълимии ҳарбии хориҷи кишвар, инчунин, 111 нафар шунаванда дар академияҳои ҳарбӣ таҳсил менамоянд. Ин дар ҳолест, ки садҳо афсарони ҷавон аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъйин шуданд.
Мо дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ ба сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, аз ҷумла тарбияи афсарони ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, ахлоқи ҳамидаи онҳо, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем. Гузашта аз ин, талабот нисбат ба афсарону сарбозон, алалхусус дар самти кор бо наваскаронро пурзӯр намуда, ба машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ, обутоби маънавию ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодабошии ҷангӣ эътибори ҷиддитар  хоҳем дод. Зеро вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, ки пур аз низоъ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таври доимӣ зиракиву ҳушёрӣ ва омодабошии баланди ҷангиро тақозо менамояд. 
Қобили зикр аст, ки ҳоло Вазорати мудофиа ҳамкориҳои ҳарбӣ - байналмилалиро бо сохторҳои ҳарбию низомии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон, Франсия, ҷумҳуриҳои исломии Эрону Покистон, Британияи Кабир, Олмон, Муғулистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои дуру наздик тақвият бахшида, оид ба ҳамкориҳои низомӣ созишномаҳои муфиди тарафайн ба тасвиб расондааст. 
Бовари комил дорам, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳо дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи баланди касбӣ, бархӯрдор будан аз технологияи нави муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар таъмини сулҳу ваҳдати пойдор саҳми муносиб гузошта, хидмат ба Ватани маҳбубро содиқона анҷом медиҳанд.
 
Шералӣ МИРЗО,
вазири мудофиаи 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2021    №: 39 - 40    Мутолиа карданд: 231
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед