logo

иҷтимоиёт

СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ БОШЕМ!

 «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем», - иброз доштанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ.

Ин мавзӯи муҳими ҷомеа пайваста аз ҷониби Сарвари хирадманди тоҷик таъкид мегардад. Воқеан ҳам, дар замоне, ки ҷанги иттилоотӣ боиси гумроҳ кардани ҳазорҳо одамон гардида истодааст, ҳар фарди меҳандӯсту худшиносро зарур аст, ки бо дониши баланди сиёсӣ ва ҳисси хештаншиносӣ арзишҳои миллии худро ҳимоя намуда, ба ояндагон симои манфуру аслии гурӯҳҳои ифротиро нишон диҳад. Яъне, ҳар ҷавони тоҷик бояд сипари боэътимоди давлату миллати худ бошад.  
Дар ҳақиқат, боиси таассуф аст, ки яке аз масъалаҳои замони муосир, ки ҷомеаи мутамаддинро ба ташвиш овардааст, даст задани бархе аз одамон ба амалҳои номатлуб, ба мисли терроризм ва экстремизм мебошад. Бешубҳа, таъсирҳои манфӣ ва оқибатҳои он ба ҳолатҳое оварда мерасонанд, ки унсурҳои ҷомеа ба ҳам зид мешаванд, арзишҳои милливу ватандӯстӣ зарар мебинанд ва ҷомеаи муосир муқаддасоти миллӣ ва таърихии худро ба таври бояду шояд талқин ва тарғиб карда наметавонад.
Дар ин радиф, зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин гуна амалҳои террористӣ ва экстремистӣ, мутаассифона, бештар ҷавонони гумроҳ пешсафанд ва одатан тавассути зӯроварӣ барои амалӣ гардондани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. 
Аслан, калимаи экстремизм аз забонҳои фаронсавӣ «ехtrеmismе» ва лотинӣ «eхtrеmus» гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона мебошад. 
Терроризм ва экстремизм, махсусан солҳои охир оқибатҳои зиёди харобӣ ва талафоти ҷониро ба бор оварда, садди роҳи ташаккули ҷомеаи ороми инсоният гардидаанд. Онҳо яке аз кирдорҳои ғаразноки инсонӣ буда, паҳлуҳои манфии ахлоқиро фаро гирифтаанд. Терроризм ба дину оин ва ба сирату ботини инсони ватандӯст ва комил робитае надорад, зеро он бештар шахсони камсавод ё бемаърифатро ба доми худ мекашад, ки аксари ҷалбшудагони ин падидаи номатлуб баъдан пушаймон мешаванд. Бо таассуфи зиёд метавон зикр намуд, ки то ба дараҷаи ба пушаймонӣ расидани ҷавонони гумроҳ солҳо мегузаранд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои ифротгаро барои  таблиғ ва ташвиқи ақидаҳои зарарноки худ аз технологияҳои иттилоотии муосир, хусусан аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ истифода бурда, ҷавононро бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои бардурӯғ ба доми худ мекашанд.
Амалҳои ифротӣ саросари ҷаҳонро фаро гирифтаанд ва рӯз ба рӯз афзун мегарданд, ки, мутаассифона, амнияти кишварҳоро  дар хатар гузошта, ба оромии онҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Масъалаи дигари муҳиме, ки дар Паёми имсола ироа гардид, чунин буд: «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад».  
Дар ҳақиқат мо - ҷавонон, бояд мероси фарзонафарзандони миллатро, ки баҳри рушди соҳаҳои кишвар равона гардидаанд, аз худ намуда, ба онҳо арҷ гузорем ва барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, нигоҳдории онҳо ва муаррифӣ намуданашон ба ҷаҳониён кӯшиш ба харҷ диҳем. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат низ ба масъалаи ёдгориҳои таърихӣ бештар буда, аз ҷумла ба 5500 - солагии Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътироф шудааст, ёдовар гардиданд.
Ба таври хулоса метавон зикр кард, ки ҳар сатри Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо ва ҳуҷҷати тақдирсози миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик аст.
 
Ҳавасмоҳ СОҲИБНАЗАРОВА, 
мудири кафедраи забоншиносии муқоисавӣ 
ва назарияи тарҷумаи Донишкадаи давлатии 
забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2021    №: 39 - 40    Мутолиа карданд: 211
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед