Хабарҳо
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД
Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ҷалби бонувон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешавад.
Дар иртибот ба ин, ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият», ки чунин ҳолат мушаххасан дар кадом мақомот ба назар мерасад, директори агентӣ бо овардани чанд мисол чунин ҷавоб дод:
- Масалан, дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ асос пеш меоранд, ки корҳо душворанд, аз ин рӯ, занҳо муроҷиат намекунанд. Инчунин, дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳо бонувон кам ширкат меварзанд.
Ба ҷуз ин, чунин камбудӣ дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ (6,4 дарсад), Хадамоти зиддиинҳисорӣ (7,5), Хадамоти иҷро (8,1), Вазорати нақлиёт (9,5), Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ (9,9), Агентии авиатсияи гражданӣ (11,1), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт (9,1), Балҷувон (14) ва Мастчоҳ (14) ба назар мерасад.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 159