logo

номаҳо

ЯК ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем». Дар ҳақиқат, барои дар сатҳи баланд доир шудани ин озмунҳо маблағҳои калон ҷудо намуданд. Тавре аз ин Паём бармеояд, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида имсол зиёд мешавад. Баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тарғиби китоб, мутолиаи он, махсусан аз шумори хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ афзуд. Ба ин васила тухми меҳри китоб дар дилҳои наврасону ҷавонон кошта шуд, ки сол ба сол самари он зиёд мегардад.
Ман ба хонандагони ӯзбекзабони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ, дарс мегузарам. Муҳаббати онҳо ба адабиёти бадеӣ, хосса адабиёти бадеии тоҷикро эҳсос мекунам. Саъй ба харҷ медиҳанд, ки ин забон ва адабиёти ғаниро бештару беҳтар биомӯзанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки ҷалби онҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба манфиат хоҳад буд. Иштироки фаъолонаи онҳо собит месозад, ки то кадом андоза ин забону адабиётро омӯхтаанд ва низ омӯзгорон ба чи дастовардҳое дар ин самт ноил шудаанд.
Албатта, талабот нисбат ба онҳо дар ин маврид набояд, ки зиёд бошад. Ҳар иштирокчӣ сарфи назар аз он, ки ғолиб меояд ё намеояд, бояд ҳавасманд гардад.
Бешак, аз ин миён тарҷумонҳои ояндаи адабиёти тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва тарғибгарони он ба воя мерасанд, ки ба нафъи миллат ва кишвари азизамон – Тоҷикистон аст.
 
Турсуной ОДИЛОВА, омӯзгор, ноҳияи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 2418
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед