logo

иҷтимоиёт

САРЕЗ. “МАРВОРИДИ ПОМИР” 110 - СОЛА ШУД

Моҳи феврал ба пайдоиши Сарез - муъҷизаи нодири табиат, ки ҳамасола сайёҳони зиёди дохилу хориҷи кишвар аз он дидан мекунанд, 110  сол пур   шуд. Ба гуфтаи мутахассисон, кӯли Сарез айни ҳол бештар аз 17 миллиард метри мукааб обро дар худ ғунҷоиш дода, он бо назардошти ин миқдори об яке аз бузургтарин ҳавзи баландкӯҳи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Кӯл дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр, дар кафи қаторкӯҳҳои Помир доман густурдааст. Захираи беҳамтои оби тозаи ошомиданӣ ба софкунӣ ниёз надораду нӯши ҷон намудани чунин оби тоза орзуи ҳар инсон аст. Аз тамошои шаҳомат ва зебоии Сарез ҳаловат бурда, бархе бинандагон онро «нозанини хуфта» ва бархе «марвориди Помир» унвон кардаанд.
Бино ба фарзияи иддае аз мутахассисон, аммо дар сукунати беолоиши Сарез хатари бузурги сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нуҳуфтааст, зеро маҳз миқдори бузурги оби кӯл ва дар баландӣ қарор доштани он метавонад, дар андак муддат ин нозанинро ба “аждаҳор”, ба неруи бузурги харобиовар мубаддал созад. “Нозанини хуфта” ва ё “Аждаҳор” айни ҳол ҷавонтарин кӯли Помир буда, он дар пайи як ҳодисаи табиӣ арзи вуҷуд намудааст...
Моҳи феврали соли 1911 дар Помир воқеаи басо фоҷиаборе рух дод, ки он на танҳо боиси талафоти ҷонӣ, балки тағйири харитаи ҷуғрофӣ ва иқлими ин минтақа гардид. Албатта, дар бораи ин ҳодиса хабару маълумоти зиёд нашр шудаанд. Вале матни ҳисоботи сардори отряди Помир, полковник Г. А. Шпилко аз 5 августи соли 1914 ба Округи ҳарбии Генерал-губернатори Туркистон, ки дар китоби “Помир”- и Александр Гаврилюк ва Виктор Ярошенко (Москва, “Планета”, 1987)  оварда шудааст,  аз ҳама  ҷолибтар  мебошад.  Зеро ӯ дар ин ҳисобот  ба маълумотномаҳои ба  санаи ҳодиса наздиктарин такя намудааст.
Ӯ навиштааст, ки аввалин хабар оид ба ҳодиса ба Генерал-губернатори вилояти Фарғона аз ҷониби сардори отряди Помир подполконик Муханов 22 марти ҳамон сол, яъне 45 рӯз баъд аз заминҷунбӣ  фиристода шудааст, ки он дар заминаи ҳисоботи сардори постгоҳи шарқӣ штабс – капитан Заимкин омода гардидааст. Бинобар маълумотномаи мазкур, шаби 5 ба 6 феврал дар ноҳияи Помир заминҷунбии сахт ба амал омада, дар баробари вайрону валангор намудани манзили зисти мардум дар водиҳои дарёи Бартанг боиси фурӯ рафтани кӯҳ болои деҳаи Усойи волости Орошор гардид. Дар натиҷаи ин офати табиӣ, агарчи аксари деҳоти минтақа зарар дида буданд, вале фурӯ рехтани кӯҳ болои деҳаи Усой фоҷиабортарин ҳодиса аз оқибати ин заминларза ба ҳисоб меравад. Бошандагони деҳа бо молу дороиашон зери тӯдаи сангу хок ҳалок гардиданд. 
Бинобар дар Помир мавҷуд набудани таҷҳизот барои санҷиши қувваи заминларза ҳоло аз хусуси чӣ гуна қувва доштани он маълумот додан ғайриимкон аст. Хабари фоҷиа дар волости Орошор ба дидбонгоҳи Хоруғ ва Помир бинобар вайрону валангор гардидани пайроҳаҳои кӯҳӣ хеле дер расид. 
Заимкин  хабар дод, ки дар пайи ин ҳодиса қишлоқи Усой бо 57 хонавода пурра зери сангу хоки кӯҳпора монд. Аз сокинони он фақат 1 мӯйсафед ва 2 писарбача зинда монданд, ки он шаб ба аёдати хешовандонашон ба деҳаи ҳамсоя рафта буданд. Дар умум, 105 сокини волости Орошор ҳалок гардидааст. 
Дар ҳисобот, ҳамчунин, хабар дода шудааст, ки дарёи Мурғоб бинобар надоштани роҳи резиш аз миёни тӯдаи кӯҳпора ба паҳлуҳо васеъ гардида, таҳдиди зер кардани деҳаи Сарезро дорад. Бинобар ин сокинони деҳа аз оғози киштукор худдорӣ карда, барои кӯчонданашон ба заминҳои дараи Саради Бачори водии Ғунд дархост намуданд. 
Гарчанде 31 марти он сол штабс-капитан Заимкин ҳамроҳи фелдшери постгоҳи Помир қад - қади дарёи Мурғоб барои омӯхтани оқибати заминларза ба ҷониби Бартанг сафар намуда бошанд ҳам, вале то ҷои офат расида натавонистанд. Зеро сари пайроҳаҳои кӯҳӣ  сангчарху сел ва тармаҳои зиёд фаромада, онро вайрон ва комилан касногузар намуда буданд. Фақат тоҷикони чолоки кӯҳистонӣ аз ин пайроҳаҳо гузашта, аз ҳолу аҳволи мардум ба штабс - капитан Заимкин хабар меоварданд.
Мувофиқи маълумоти онҳо ба ғайр аз деҳаи Усой аз заминларза боз 4 деҳаи дигар бо 50 хоҷагӣ пурра ба хок яксон гардиданд. Сокинони Сарез аз тарси зери об мондан ба ҷойҳои бехавф кӯчида, бинобар надоштани чорвои боркаш ҳатто гандумашонро пурра бо худ гирифта натавониста, қисмашро бо нархи ночиз ба қирғизҳо фурӯхтанд. 
Аввалин экспедитсия барои омӯхтани оқибатҳои заминларза ва ҳолати кӯли Сарез, ки номашро аз номи қишлоқи зернамуда ба худ гирифт, фақат баъд аз 2,5 соли воқеа, тирамоҳи соли 1913 маҳз бо роҳбарии сардори ондавраи отряди Помир подполковник Григорий Андреевич Шпилко фиристода мешавад. 
Дар маълумотномааш аз моҳи октябри ҳамон сол ӯ менависад, ки «дар макони ҳодиса кӯле ба вуҷуд омадааст, ки аз чаҳор тараф бо кӯҳҳо иҳота шуда, роҳи баромад надорад. Дарозии он 26 вёрст (49 километр), паҳноиаш 13,4 вёрст (25,46 километр) аст. Чуқурии он дар бари бандари Усой  ба 131 сажен (179,5 метр)  мерасад. 
Соҳилҳои кӯл пурра аз кӯҳҳои кашоласанг ва нишебиҳои ҷарӣ иборат буда, интихоби ҷой барои бунёди ӯрдугоҳи экспедитсия ва шино кардан дар кӯл мушкилот ва хатар эҷод менамуданд». 
Аз маълумотномаи ӯ бармеояд, ки бо гузашти 2,5 сол баъд аз фоҷиа низ болои кӯл олоти рӯзгори мардум, тағора, дару чӯбу тахта ва шоху решаи кандашудаи дарахтон шино доштанд. Дар халиҷҳои хурди Мурғоб, Марҷаной ва Лангар саршохи сабзи дарахтони ғарқшуда намудор буд.  
Маҳз аз ин давра омӯзиши вазъи кӯл оғоз гардид. Сардори экспедитсия навиштааст, ки «он замон баландии пушти сарбанди Усой дар пасттарин ҷой аз сатҳи оби кӯл 180 сажен (қариб 385 метр) буда, қутри он (ғафсӣ) то 5,5 вёрстро (5, 83 километрро) ташкил медиҳад. Паҳноии он дар сатҳи оби ғуншудаи кӯл 4,25 вёрст (4,5 километр) аст. Дар сурате ки сатҳи оби кӯл то 40 сажени (85 метр) дигар боло барояд, қутри бандар дар сатҳи оби ғуншуда 3,5 вёрстро (3,7 километрро) ташкил хоҳад дод». 
Ҳамин тариқ Г. А. Шпилко аввалин маротиба вазъи кӯли Сарезро омӯхта, чунин хулоса намудааст: «Ба ақидаи ман, кӯли Сарез ин бандари табииро рахна карда наметавонад. Айни ҳол қисми оби он тариқи сӯрохиҳои таги бандар баромада, бо васеъ шуданашон ҳаҷми резиши об бештар хоҳад шуд. Батадриҷ баромадани об имкон медиҳад, ки дар сурати зиёд шудани сатҳи оби дарёи Бартанг аҳолии деҳоти соҳили он аз рух додани офат пештар огоҳӣ  ёбанд…».
Маълумотномаҳои дигар  оид ба пайдоиши кӯли Сарез  танҳо баъди ин гузориши  Г. А. Шпилко  интишор  ва паҳн гардидаанд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2021    №: 41    Мутолиа карданд: 313
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед