logo

Хабарҳо

ҶАҲОН

ЧИН ВАКСИНА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО БА 27 КИШВАР СОДИРОТ МЕНАМОЯД
Синхуа. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнбин дар конференсияи матбуотӣ хабар дод, ки Чин ваксина бар зидди коронавирусро ба 27 кишвар содирот намуда, ба 53 давлати муҳтоҷ ҳамчун ёрии бебозгашт мерасонад.
Ваксинаҳоеро, ки Чин ҳамчун ёрии башардӯстона  ҷудо намуда буд, ба Покистон, Камбоҷа, Лаос, Гвинеяи Экваториалӣ, Зимбабве, Муғулистон ва Беларус фиристода шуданд. Дар баробари ин,  ваксина ба Сербия, Венгрия, Перу, Чили, Мексика, Колумбия, Марокко, Сенегал, АМА ва Туркия содирот гардидааст.
Зикр шуд, ки бисёрии кишварҳои номбаршуда мамлакатҳои рӯ ба рушданд. Аз ин лиҳоз, Ван Вэнбин изҳори умед намуд, ки давлатҳои мутараққӣ барои дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди пандемияи коронавирус ва рафъи он саҳми бориз мегузоранд.
 
 
БАЙДЕН БО ТРЮДО ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ БАШАРИРО БАРРАСӢ ХОҲАНД КАРД
ТАСС. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден дар рафти суҳбати фосилавӣ ба сарвазири Канада Ҷастин Трюдо изҳор доштааст, ки зимни мулоқот бо ӯ, мехоҳад, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бо пандемияи коронавирус ва ҳифзи арзишҳои башариро дар миқёси олам баррасӣ намояд. 
Дар ин бора маркази матбуоти Қасри сафед қабл аз шурӯи машварати васеъ иттилоъ медиҳад.
- Ман вохӯрии рӯбарӯро бесаброна интизорам. Канада - ин дӯсти наздиктарини ИМА  мебошад, - афзуд Байден.
 
 
СҶТ МУҲЛАТИ АНҶОМИ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУСРО ПЕШГӮӢ НАМУД
АИР «Новости». Пандемияи коронавирус оғози соли оянда ба анҷом мерасад. Чунин пешгӯиро сардори бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  Ҳанс Клюге баён намудааст.
- Ҳолати вазнинӣ пушти сар шуд. Мо дар бораи коронавирус нисбат ба соли 2020, замоне ки  он акнун паҳн мегардид, маълумоти бештар дорем, - иқтибос овардааст гуфтаи мансабдорро шабакаи телевизионии Дания DR.
Клюге зикр намуд, ки коронавирус пурра аз байн намеравад, вале ибтидои соли 2022 эҳтиёҷот ба маҳдудиятсозӣ намемонад. Дар зимн, ӯ ишора намуд, ки ин танҳо пешгӯист ва ҳоло ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки вазъ дар оянда чӣ гуна хоҳад шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 234
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед