logo

Хабарҳо

ҶАҲОН

СҶТ: «ТЕЪДОДИ ФАВТ АЗ КОРОНАВИРУС ДАР ҶАҲОН ТАЙИ ҲАФТА 20 ДАРСАД КОҲИШ ЁФТ»
ТАСС. Шумораи мубталоёни коронавирус дар дунё аз 15 то 21 феврал 11 дарсад ва теъдоди фавт дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 20 дарсад коҳиш ёфт. Ин ҳолат  пай дар пай  ҳафтаи шашум аст, ки идома дорад. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ додааст. 
Ҳафтаи гузашта 2 457 026 нафар бемор ба қайд гирифта шуда, 66 359 кас ҷон бохт. То 21 феврал дар дунё теъдоди сироятшудагон ба 110 763 898 расида, 2 455 331 нафар даргузашт. Камшавии беморӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ 19, минтақаи ғарбии уқёнуси Ором 9, Аврупо 7, шарқи баҳри Миёназамин 7 дарсадро ташкил дод. Фавт низ дар ин минтақаҳо мутаносибан 23, 6, 19 ва 3 дарсад кам шуд.
 
 
БАЙНИ ӮЗБЕКИСТОНУ ҲИНДУСТОН ПАРВОЗҲОИ ҲАВОӢ БАРҚАРОР МЕШАВАНД
Tafsilar.info. Дар Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам тариқи хатсайрҳои Тошкент – Деҳлӣ – Тошкент аз 5 март барқарор мегарданд. Гуфта  мешавад, ки парвозҳо дар як ҳафта ду бор – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон, бинобар паҳншавии бемории COVID – 19, аз 16 марти соли 2020 парвози ҳавопаймоҳои мусофиркашро ба хориҷи кишвар қатъ намуда буд. Ҳоло бошад, марҳила ба марҳила парвози ҳавопаймоҳо байни давлатҳо роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, Uzbekistan Airways шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта парвозҳои мунтазамро ба Беларус, Туркия, АМА, Қазоқистон ва моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон барқарор намуд.
 
 
ДАР ҚАЗОҚИСТОН АЗ 1 МАРТ РЕҶАИ КАРАНТИН ХЕЛЕ САБУК МЕГАРДАД
Каз ТАГ. Интизор меравад, ки аз 1 марти соли равон реҷаи карантин дар Қазоқистон хеле сабук мегардад. Дар ин бора директори палатаи минтақавии соҳибкорони Алмаато Айтуар Кошмамбетов хабар додааст. 
- Дар ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID – 19 бо пешниҳоди Палатаи миллии соҳибкорони «Атамакен» ва ҳокимиятҳои минтақавӣ аз 1-уми марти соли 2021 барои баргузории мусобиқоти варзишӣ бо ширкати мухлисон (теъдоди иштирокдорон баррасӣ мегардад) ва фаъолияти клуби дилхушии кӯдакона, сирк ва муассисаҳои билярдбозӣ маҳдудиятҳо сабук мешаванд.
 
 
ИҶОЗАТИ БАЙДЕН БАРОИ  ВУРУДИ БАЪЗЕ ХОРИҶИЁН БА ИМА
АИР «Новости». Президенти ИМА Ҷо Байден фармони собиқ Роҳбари давлат Доналд Трампро аз моҳи апрели соли 2020, ки вуруди шаҳрвандони баъзе кишварҳоро манъ менамуд, бекор кард. 
Ба гуфтаи Байден ин санади имзокардаи Трамп ба рушди соҳаи иқтисоди ИМА, ки истеъдодҳоро аз тамоми ҷаҳон истифода мебарад, инчунин, пайваст шудани шаҳрвандони дигар кишвар, ки  пайвандонашон дар ИМА зиндагӣ мекунанд, халал мерасонад.
 
 
БОЗОРИ МЕҲНАТИ ҶАҲОН ДАР СОЛИ 2020-УМ 255 МИЛЛИОН ҶОИ КОРИРО АЗ ДАСТ ДОД
«Известия». Соли гузашта бозори меҳнати ҷаҳон аз таъсири пандемияи коронавирус нисбат ба буҳрони  иқтисодии ҷаҳонии соли 2008 чор баробар зиёд ҷойҳои кориро аз даст дод. Дар ин бора  директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат Гай Райдер иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти идора, соли 2020 теъдоди соатҳои корӣ (корҳои воқеан иҷрошуда) 8,8 дарсад коҳиш ёфтанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 204
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед