Хабарҳо
Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд
INTERFAX. RU. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои таҳияи «шиносномаи эмкунӣ»-и электронии ягона ба мувофиқа расиданд, - иттилоъ додааст Канслери Олмон Ангела Меркел.
- Мо бояд ин масъаларо моҳҳои наздик, аниқтараш давоми се моҳ ҳал намоем. Фикр мекунам, ки то тобистон он омода мегардад, - гуфт ӯ дар ҷамъбасти ҷаласаи саммити ИА.
Бино ба гуфтаи сардори Комиссияи Аврупо Урсула Фон дер Ляйен, ки дар соҳаи тандурустӣ таҷрибаи корӣ дорад, эмкунӣ бояд бо ҳуҷҷат тасдиқ гардад. Дар баробари ин, ӯ афзуд, ки чунин қоида ба тамоми бемориҳое, ки эмкуниро тақозо мекунанд, дахл дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1318