Хабарҳо
ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР
Академияи миллии илмҳои кишвар нақша дорад, ки дар асоси пойгоҳҳои техникии мавҷуда корхонаи хурди илмӣ - истеҳсолии маводи дорувориро ба роҳ монад. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳо, дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод.
Мувофиқи нақша, корхона бояд аз рустаниҳои шифобахш маводи дорувор омода созад.
- Ҳоло дар кишвар беш аз 5 ҳазор намуди рустанӣ мерӯяд. Тибқи хулосаи олимони соҳа, наздики 3000 навъи он гиёҳи шифобахш мебошад. Шароити мавҷуда барои рушди саноати дорусозӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Мутахассисон ҳоло барои пешбурди кор ҷамъоварии гиёҳҳоро кофӣ намедонанд. Ба ин хотир, нақша доранд хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода, дар онҳо парвариши рустаниҳои шифобахшро ба роҳ монанд.
Зимнан, аз миқдори умумии рустаниҳои шифобахши кишвар, то имрӯз танҳо хусусияти шифоии 132 рустанӣ пурра омӯхта шудааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 196