Хабарҳо
Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст
ТАСС. Бино ба гуфтаи котиби матбуоти Роҳбари давлати ФР Дмитрий Песков, Владимир Путин омода аст, ки барои ҳалли масъалаҳои ҳассос бо роҳбарони дигар кишварҳо, аз ҷумла ИМА, муколама намояд, аммо ҳоло на ҳамаи сарварони мамлакатҳо чунин майл доранд. Дар ин бора ӯ ба рӯзноманигорон 1 - уми март изҳор дошт.
Ҳамчунин, Дмитрий Песков вобаста ба муносибатҳои Россия ва ИМА таъкид намуд, ки Президент Владимир Путин борҳо омодагиашро ҷиҳати барқарор ва рушди муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар баён доштааст.
Дар Ӯзбекистон қоидаи бе раводид бо 5 давлат амалӣ гардид
Анадолу. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 март барои шаҳрвандони панҷ кишвар ба муддати 10 рӯз реҷаи бераводид ҷорӣ гардид. Фармони дахлдорро моҳи гузашта Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расонд.
Тибқи фармон, акнун шаҳрвандони Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Кувайт, Давлати Қатар, Салтанати Уммон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (аз ҷумла, ноҳияҳои махсуси маъмурии Ҳонконг ва Макао) бо шарти пешкаш намудани чиптаҳои парвоз кардан ба кишвари худ ё мамлакатҳои сеюм метавонанд дар Ӯзбекистон тайи ин муддат бе раводид будубош кунанд.
Боиси тазаккур аст, ки чанде пеш Ӯзбекистон дар доираи тадбирҳо оид ба рушди туризм бо 86 кишвар, аз ҷумла Туркия, ба муҳлати аз 1 то 3 моҳ реҷаи бераводидро ҷорӣ намуд.
Чин баҳри тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ бо ФР ҳавасманд мебошад
АИР «Новости». Вазорати миллии мудофиаи Чин бо пахши як баёния изҳор намудааст, ки муносибатҳои низомии Чин ва Россия бо вижагиҳои худ аз созмонҳои ҳарбии дигар мамлакатҳо тамоман фарқ мекунад.
Аз ҷумла, таъкид мешавад, ки ҷонибҳо ҳаргиз бар зидди давлатҳои сеюм иттиҳод намебанданд ва бо онҳо мухолифат намекунанд.
Вазорат ба ҳамкориҳои ҳарбии ду давлат баҳои баланд дода, онро такягоҳи асосии шарикии миёни Пекин ва Москва номидааст. Намояндагони ниҳод, инчунин, ҳавасмандиашонро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҳарбӣ бо Москва баён доштанд.
Оғози эмкунӣ аз коронавирус дар Нур - Султон
МИР 24. Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон эмкунии кормандони политсия, омӯзгорон ва мураббиёни хонаи кӯдакон шурӯъ гардид. Чуноне иттилоъ дода мешавад, ба рӯйхат зиёда аз 15 ҳазор нафар шомил шудааст.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки аз рӯи суръати паҳншавии коронавирус пойтахти Қазоқистон дигарбора аз «минтақаи сурх» берун шуд ва айни замон хатари баланди сироятёбӣ дар ягон мавзеи ҷумҳурӣ ба назар намерасад. Тазаккур мегардад, ки барои эмгузаронӣ, аллакай, пунктҳои дахлдор омода гаштаанд.
СҶТ: "Камтар аз 10 дарсади аҳолии ҷаҳон ба коронавирус потан доранд"
РБК. Ходими калони илмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сумия Сваминатан тавассути шабакаи иҷтимоии Twiter иттилоъ додааст, ки камтар аз 10 дарсади мардуми сайёра бар зидди коронавирус потан (антитела) пайдо намудаанд. Ҳамакнун дар шаҳрҳое, ки манбаи калони сироятёбии коронавирус ба қайд гирифта шудааст, на камтар аз ними сокинонашон потан доранд.
Ба гуфтаи Сваминатан, масунияти оммавӣ танҳо ҳамон вақт ҳосил мешавад, ки эмкунӣ дар саросари ҷаҳон роҳандозӣ гардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 222