Хабарҳо
ҶОМИ КФО – 2021
Тоҷикистон мизбони бозиҳои гурӯҳи "F"
Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми КФО – 2021 дар гурӯҳи «F», ки тими «Хуҷанд» шомили он аст, интихоб намуд.
Дар Минтақаи марказӣ «Хуҷанд» бо тимҳои АГМК ва ё «Насаф» (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.
Вохӯриҳои гурӯҳи «Е» бо иштироки барандаи Ҷоми Тоҷикистон дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мегузаранд. Рақибони «Равшан» тимҳои «Дордой» ва «Аҳал» мебошанд.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО – 2021 аз 14 то 20 май баргузор мешаванд.
ДЗЮДО
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни
наврасон муайян шуданд
Дар толори варзишии «Муассисаи давлатии маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и шаҳри Душанбе бо ширкати 166 варзишгар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллуди 2004 – 2006 баргузор гардид.
Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар натиҷаи қувваозмоиҳо гӯштигирон Ҷӯрахон Амирхонзода (Хатлон – 1), Абдулло Куканшоев (бошгоҳи «Ҳоҷӣ Шариф», ш. Душанбе), Бобоҷони Мухтадир, Аббоси Ҳодихон (ҳар ду Душанбе), Эҳсон Искандарзода (Душанбе – 2), Сомон Кишваров (Душанбе), Муҳсинҷон Малаев ва Парвиз Абдураҳмонов (ҳар ду Душанбе – 2) дар мусобиқа ғолиб омаданд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 192