Хабарҳо
ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ҷумҳурӣ 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Бо назардошти ин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав корҳои таҷдиду азнавсозии гулгашти назди муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода оғоз гардид. Дар ин замина тасмим гирифта шудааст, ки сафолакҳои роҳравҳо ва фаввораҳои майдони назди муҷассама таҷдид шуда, дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонда шаванд. Ҳамзамон, нишастгоҳҳои зебои замонавӣ насб гардида, атрофи гулгашт бо панҷараҳои зебо бо бунёди дарвозаи рамзӣ иҳота хоҳад шуд.
Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳия, аз осори гаронмоя ва пайкори мондагори қаҳрамони миллати тоҷик бо ифтихор ёдовар шуда, ҷиҳати арҷ гузоштан ба хидматҳои шоёни вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода масъулонро вазифадор намуд, ки майдончаи назди муҷассамаи фарзанди фарзонаи ин диёри бостонӣ бо тарҳи нави замонавӣ навсозӣ шуда, атрофи он бо гулҳои ороишӣ зиннат дода шавад. Барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинон чароғакҳои замонавӣ низ насб мешаванд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки мавзеи мазкур ба яке аз ҷойҳои хушманзара мубаддал гардида, барои сокинони ноҳия ва меҳмонон фароғатгоҳи дилкашу гуворо хоҳад шуд. Иқдоми мазкур бо дастгирии раиси ноҳия роҳандозӣ гардида, аз ҷониби КВД "Сохтмони асосӣ" то Ҷашни Наврӯз омода ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 448