logo

номаҳо

МАШЪАЛАФРӮЗИ ЗИНДАГӢ

Дилам майли суханҳоят, куҷоӣ?
Магар модар суроғи ман наоӣ?
На шаб хобам, на рӯз аз ҳиҷри рӯят,
Биё, то ин ки лолоӣ сароӣ.
Басо рамзист, ки ҳамасола бо омадани муждаи баҳор, бедоршавии табиат ва шукуфтани гулҳо «Рӯзи Модар» истиқбол карда мешавад. Зебоию назокат, муҳаббату самимият ва оғози зиндагӣ аз каломи модар ибтидо мегирад. Оре, дар васфи модар ҳар қадар сухан бигӯем, кам аст. Аз ҳазор яке ҳам ногуфта мемонад.
Модари ман – Хуморбӣ 29 марти соли 2019 аз олам чашм пӯшид. Соли дуюм аст, ки ӯ дар байни фарзандонаш нест. Мо – фарзандон доимо суханҳо, корҳо, меҳрубониҳои ӯро ба ёд меорем. Меҳнатдӯст буд, бекориро дӯст намедошт. Гоҳе дар сари мошинаи дарздӯзӣ ба духтани канзулу курта машғул мешуд, гоҳе барои мо - духтарҳояш гулдӯзӣ мекард. Кадбонуи хело хуб буд. Хӯрокҳои лазиз ва нонҳои зебо мепухт. Меҳмоннавоз буд. Доимо хонаамон аз меҳмон нур мегирифт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ фарзандҳоро хуб тарбия кард. Мо - фарзандон дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият кор мекунем. Яке табиб, дигаре омӯзгор, сеюмин, иқтисодчӣ ва чорумин, сохтмончӣ. Модар нахустин мураббии мо - фарзандон буд. Таълиму тарбияи аввалинро аз ин шахсияти бузург омӯхтем. Албатта, тамоми шоирон,  ситорашиносон, олимон, рассомони дунё муҳаббати зан – модарро ба риштаи тасвир кашидаанд ва ситоиш намудаанд.  Модарро сарчашмаи зиндагӣ гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зан - Модарро чун мураббии ғамхору меҳрубон, машъалафрӯзи зиндагӣ ва ҳидоятгари некиву накукорӣ ситоиш кардааст.

Фирӯза МИРЗОЕВА,

омӯзгори МТМУ № 50 ноҳияи Сино 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.03.2021    №: 48    Мутолиа карданд: 2381
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед