logo

иҷтимоиёт

ТОҚИДӮЗӢ

Тоқидӯзӣ ҳунари анъанавии бонувони тоҷик мебошад, ки бо дӯхтан ва нақшу нигори тоқӣ марбут аст. Тоқӣ – каллапӯши суннатии тоҷикон ва баъзе халқҳои Осиёи Миёна  ба шумор меравад. Асосан, ду шакл дорад: мудаввар ва чоркунҷа. Онро дар шимоли кишвар  «тӯппӣ» ва дар водиҳои Ҳисору Рашт, вилоятҳои Хатлону Бадахшон «тоқӣ» меноманд. 
Тоқӣ навъҳои мардона, занона ва кӯдакона дорад. Ин навъи ҳунар дар минтақаҳои Тоҷикистон ва, инчунин, тоҷикони мамлакатҳои ҳамсоя аз ҷиҳати шакл, тарзи дӯхт, накшу нигор, анвои матоъ аз якдигар тафовут дорад. Чунончи, дар байни тоҷикон намудҳои тоқии чакан, ироқӣ, зардӯзӣ, тӯрдӯзӣ, чортарк, чустӣ, чамандигул, муҳрадор, арӯсӣ, кулута, тоқисарак, арақчин ва амсоли инҳо маъмуланд. Тоқиро на танҳо барои ҳимоят аз нурҳои офтоб ва ё сармо мепӯшанд, балки тибқи боварҳо ба сар намудани он ҳатмӣ мебошад. Мардҳо то ба солҳои 60 – 70 садаи XX бе тоқӣ намегаштанд ва сари луч дар сари дастархон наменишастанд. Имрӯзҳо байни ҷавонон суннати тоқипӯшӣ кам шудааст. Занҳову духтарон дар замонҳои пеш тоқиҳоро пӯшида, аз болояш рӯймол ба сар мегузоштанд. Тоқӣ аз қисмҳои тора, гирда, астар, пилта, шероз, мағзӣ ва пӯпак иборат мебошад. Тарзи дӯхташ чунин аст: нахуст дар матои пахтагин даврашакли тора бо нақши гулҳояш кашида мешавад. Онро бо сӯзан ва риштаҳои ранга гулдӯзӣ мекунанд. Тораро дар шакли давра бурида, аз таги он астар мегузоранд ва бо сӯзан аз маркази давраи тоқӣ то канорҳои он ба тарзи мувозӣ  медӯзанд. Чун ин кор ба анҷом расид, бо сими дароз пораҳои пахта ё қоғазро тобида пилта карда, ба сӯрохиҳои хати мувозӣ меандозанд, ки дар натиҷа тори тоқӣ мустаҳкам ва ғафс мешавад. Шерози тоқиҳо бошад, бо ду усл дӯхта мешавад. Баъзе шерозҳои тангбар дар дуконҳои чӯбии заминӣ бофта мешаванд, ки онҳо нақшҳои нисбатан сода дошта, аз ду – се намуди риштаҳои ранга иборат мебошад. Шерозҳои нисбатан барашон паҳнтар дар матоъ тавассути асбоби дӯзандагии дирафш дӯхта мешавад. Шерозро гирдогирди тоқӣ бо қисми гирда медӯзанд ва дар қисмати нӯг ба нӯг омадани ду тарафи шероз аз риштаҳои ранга ва ё якранг пӯпак сохта, пайваст менамоянд. Вазифаи пӯпак, ҳамин тавр, на танҳо ороиши иловагӣ, инчунин, пӯшондани қисмати пайванди нугҳои шероз мебошад. Мағзӣ наворест, ки матои сиёҳи пахтагин ва ё абрешимӣ бурида мешавад ва онро дар қисми поёни тоқиҳои чоркунҷаи чустӣ, ироқӣ, зардӯзӣ ва муҳрадӯзӣ ба ҷойи шероз дӯхта мешавад. Дар тоқиҳои Бадахшони низ бештар мағзӣ истифода мегардад. Нақшҳои маъмултарин дар тоқӣ қаламфур, бодом, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав, гулҳои садбарг, лола ва ғайра мебошад. Ин ҳама ба худ маънии хос дошта орзуву омоли мардумро бозтоб менамояд.
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2021    №: 55    Мутолиа карданд: 345
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед