logo

Хабарҳо

ҶОМИ ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Кадом тимҳо ба финали мусобиқот роҳ ёфтанд?
Пас аз анҷоми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон – 2021, тибқи низомномаи мусобиқот ду даста – «Равшан» ва «Файзканд», ки дар гурӯҳҳояшон натиҷаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд, ба финал роҳ ёфтанд, - хабар доданд аз ЛФТ.
Қувваозмоии ниҳоӣ 19 март дар шаҳри Гулистон доир мегардад.
 
 
БОКС 
Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Истанбул 
Дар шаҳри Истанбули Туркия мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс шурӯъ гардид, ки дар он Тоҷикистонро 5 боксёр Шоира Зулқайнарова, Аминҷон Сайрализода, Бахтиёр Мирзомуҳаммад, Шаббос Негматуллоев  ва Сиёвуш Зуҳуров  намояндагӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқот то 21 март идома ёфта, варзишгарон аз 25 давлат барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ мубориза мебаранд.
 
ТЕННИС
Медведев ракеткаи дуюми ҷаҳон шуд
Бар пояи раддабандии нави АТР, теннисбози маъруфи рус Даниил Медведев (9940 хол) ба зинаи дуюм баромад. Ӯ дар ин мавқеъ Рафаэл Надал (Испания)-ро иваз кард.
Ҳоло дар садри ҷадвал Новак Ҷокович (Сербия, 12008 хол) қарор дорад. Ба топ – 5, инчунин, Рафаэл Надал (9670), Доминик Тим (Австрия, 8625) ва Стефанос Тситсипас (Юнон, 6765 хол) шомиланд.
 
 
ДОПИНГ
ФИФА се футболбози Россияро муҷозот хоҳад кард
ФИФА се футболбози Россияро (ду мард ва як зан) барои истифодаи допинг (доруҳои қувватбахш) гумонбар дониста, алайҳашон парванда боз кардааст. 
АИР «Новости» дар такя ба Хадамоти матбуоти Иттиҳоди футболи Россия навиштааст, ки номи бозигарон маълум буда, аз гуфтани онҳо худдорӣ мекунад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 520
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед