logo

Хабарҳо

ТАҲТИ РАЁСАТИ АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

То 13 марти соли равон дар шаҳри Кӯлоб 528 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Ин матлаб  зимни баргузории ҷаласаи  гурӯҳи корӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти раёсати ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баён гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз шахсони масъул даъват кард, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотеро, ки сохтмонашон нотамом аст, ба истифода диҳанд.
Ҳамчунин, ба раисони ҷамоатҳои деҳот  ва  масъулони ташкилоту муассиса, корхона, маҳалла дастур дода шуд, ки барои тозаву озода намудани назди биноҳои истиқоматӣ камари ҳиммат банданд.
 
 
НАМОЯНДАГОНИ «РОСПОТРЕБНАДЗОР» БА ТОҶИКИСТОН ОМАДАНД
Дирӯз намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ -таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия «Микроб»-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи  истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсон «Роспотребнадзор» ба Тоҷикистон омаданд.
Мақсад аз ташрифи ходимони «Роспотребнадзор» таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон буда, чунин тасмим зимни ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки 8 – 9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, гирифта шуд. 
Сафари кории намояндагони  ФР дар Тоҷикистон то 19 март идома ёфта, дар назар аст, ки тайи ин муддат онҳо аз якчанд озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид намоянд.
 
 
ИМКОНОТИ САРМОЯГУЗОРИҲО МУАРРИФӢ ГАРДИДАНД
Намояндагони беш аз 60 ширкату  корхонаҳои соҳаҳои гуногуни тоҷикистонию қазоқистонӣ дар форуми сармоягузории ду давлат, ки дирӯз тариқи онлайнӣ доир гардид, иштирок намуданд.
Дар доираи форум  фазо ва имконоти сармоягузориҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, назири саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, туризм, кишоварзӣ, молия, бонкдорӣ, телекоммуникатсия,  суғуртакунӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳои афзалиятноке, ки ба рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамоянд, муаррифӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз пеш густариш меёбанд, ки заминаи ин раванд,  бешубҳа, аз иродаи сиёсии  роҳбарони ду кишвар, тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи  байниҳукуматӣ сарчашма мегирад. Таъкид шуд, ки чорабиниҳои муҳими баргузоргардида, аз қабили намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мусоид барои  муколамаи созанда ва барқарории  робитаҳои  тиҷоратӣ байни  ду давлат  фароҳам овардаанд.
 
 
БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДОИР МЕШАВАНД
20 – 21 марти соли равон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштии миллӣ ва 24 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт – 2021» доир мешаванд. 
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории ин мусобиқаҳо  185 080 (як саду ҳаштоду панҷ ҳазору ҳаштод) сомонӣ ҷудо гардид.
Масъулони сохторҳои дахлдор, аз ҷумла раёсати  тандурустӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, вазифадор   гардидаанд, ки   бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ  ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳои мазкур  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 559
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед