logo

иҷтимоиёт

НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ҶУМҲУРИЯТ». ТУҲФАИ ҶАШНӢ БА МУАССИСОНИ РӮЗНОМА – ПРЕЗИДЕНТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД!

Эҷодкорони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар Озмуни байналмилалии «Шаҳр дар оинаи ВАО - 2020» ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардиданд. Шореҳи масъалаҳои фарҳангӣ – иҷтимоии рӯзнома Абдулқодири Раҳим бо матлаби «Сархати ашъори гӯё» дар номинатсияи «Сухан, тавлиди истеъдоде, ки сарҳадро намепазирад» миёни сад довталаб ғолиби мутлақ дониста шуд. Силсилаи матолиби сармутахассиси нашрия Бузургмеҳри Баҳодур дар   номинатсияи «Ба Ғалабаи бузург 75 сол пур шуд. Ёд дорем ва ифтихор менамоем!» сазовори ҷои аввал гардид. Дар ҳамин бахш муаллифи ҳамешагии рӯзнома, адиби ҷангноманавис Умари Шерхон низ пирӯз шуд.
 
Озмуни мазкур бори нуҳум сурат гирифта, дар доираи Форуми байналмилалии «Мегаполиси асри XXI» гузашт.  Муассиси он Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои азими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Ҳамчунин, дар баргузории озмун Кумитаи иҷроияи ИДМ, Думаи давлатии Федератсияи Россия, Иттифоқи журналистони Россия, Хонаи миллатҳои Москва, Маркази рушди иқтисодии ИДМ, Маркази мусоидат ба рушди бемайлони шаҳрҳои «Мегаполиси асри  XXI» саҳм гирифтанд. 
Озмун бо мақсади ҷалби диққати бештари ҷомеа ба фаъолияти Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои азими ИДМ ташкил ва гузаронда шуд. Ин ниҳод ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни шаҳру минтақаҳои ИДМ мусоидат намуда, барои мубодилаи афкор ҷиҳати табодули таҷриба  ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак вобаста ба ҳалли мушкилоти шаҳрҳо дар ИДМ шароит фароҳам меорад. 
Мақсад аз ташкил ва гузарондани чунин чорабинии сатҳи баланд ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дӯстонаву тиҷоратӣ миёни шаҳрҳои бузург, пешниҳоди иттилооти муътамад оид ба  таҷрибаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрам ва табодули таҷрибаи пешқадам,  тарғиби дастовардҳо дар самти рушди бемайлони мегаполисҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шаҳрнишинон муайян гардид.  
Дар озмун баробари идораи рӯзномаву маҷалла, шабакаҳои радио ва телевизион, маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ҳамчунин, журналистони алоҳида низ ширкат варзиданд. Он номгӯи зиёди матлабҳои озмуниро аз 1 декабри соли 2019 то ҳамин санаи соли 2020 дар бар гирифт. 
Муҳимияти мавзӯъ ва шакли ҷолиби баён талаботи асосии озмун буд. Мақолаҳои ба озмуни «Шаҳр дар оинаи ВАО» пешниҳодшаванда аз рӯи панҷ номинатсия баҳогузорӣ шуданд. Номинатсияи «Ба Ғалабаи бузург 75 сол пур шуд. Ёд дорем ва ифтихор менамоем!» ба 75 – солагии Ғалаби халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд. «Ояндаро якҷо месозем!» ба 30 – солагии таъсиси ИДМ ихтисос ёфт. Мавзӯъҳои дохилишаҳрӣ, аз қабили ҷорӣ намудани технологияҳои ҷадид дар идораи шаҳрҳо, боло бурдани сатҳи идораи давлатӣ дар шаҳрҳои азим ва пойтахтҳо, беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ дар шаҳракҳо масоили меҳварии номинатсияи «Шаҳри доно – шаҳри бехатар»  гардиданд. Бо мақсади фароҳам овардани фазои осоишта ва муҳити ҳамгироӣ дар азимшаҳрҳо  номинатсияи «Дӯстии халқҳо – фалсафаи бунёдкорӣ ва рушд» созмон дода шуд. Бахшида ба ду санаи муҳими ҳаёти фарҳангиву адабии ИДМ: 175 - солагии Абай Қунанбоев ва 125 – солагии Сергей Есенин номинатсияи  «Сухан, тавлиди истеъдоде, ки сарҳадро намепазирад» ташкил гашт. 
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро дар ин озмун шореҳи масъалаҳои фарҳангӣ - иҷтимоӣ Абдулқодири Раҳим ва сармутахассиси шуъбаи фарҳанги нашрия Бузургмеҳри Баҳодур муаррифӣ намуданд. «Сархати ашъори гӯё», чунин унвон дорад матлаби ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Сергей Есенин бахшидаи Абдулқодири Раҳим.
- Ман аз даврони мактабхонӣ ба ашъори зебову пурмуҳтавои Есенин шавқу рағбати зиёд доштам. Баъдҳо, дар даврони донишҷӯӣ ҳамчун эҷодкор дарёфтам, ки як шоир чи дарду ранҷу заҳмат ва дар баробари ин, муҳаббат ба Ватан дорад. Сергей Есенин аз шоирони дӯстдоштаи на танҳо ман, балки аксари хонандагони ин кишвар аст. Ӯ тавонист, ки дар умри бас кӯтоҳи худ номи хешро дар дафтари таърихи адаб бо ҳарфҳои заррин бинависад. Ва он ҳамеша пешорӯи тамоми инсонҳои дунё- алоқамандони адабиёт мебошад. Ман дар номинатсияи бисёр мураккаб худро наозмудам. Хостам муҳаббати худро ба ин шоир ошкоро нишон диҳаму баён созам. Фикр мекунам, ки ба ҳайати ҳакамон ҳамин чиз бештар писанд афтодааст.  Мо ватандориву муҳаббат ба Ватанро бояд аз ин шоири асил биомӯзем. Барои ӯ Рус – яъне Россия ҳама чиз, ҳама сарвати бузург маҳсуб мешуд. Тоҷикистон низ барои ҳамаи мо бояд чунин бошад, - иброз дошт Абдулқодири Раҳим.  
- Моҳи майи соли 2020. Авҷи бемории коронавирус. Аз ин озмун тамоман огоҳ набудам. Танҳо ба хотири шод кардани рӯҳи бузургворони илму адабиёт: Лутфулло Бузургзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим ва сержант Мамадалӣ Имомалиев, ки ба ҷуз хома, инчунин, яроқ ба даст гирифта, ба рағми фашистон ҷангидаанд, чанд матлаб навишта, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр кардам. Баъди чопи матлабҳо эълони озмунро, ки дар шакли номаи расмӣ расида буд, устод Қурбон Мадалиев ба ман дода таъкид карданд: «Матлабҳоро ба суроғаи ишорашуда фиристед, супориши сармуҳаррир аст, - ба хотир меорад Бузургмеҳри Баҳодур. Ҳамчунин, ӯ бо ифтихор афзуд: «Ин тавфиқ комёбии ҳама қаламкашони «Ҷумҳурият» аст. Барои дар ихтиёри мо гузоштани ин минбари баланд аз роҳбарияти рӯзнома сипосгузорем».
Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр дар озмуни мазкур бо матолиби «Ҳабиб Юсуфӣ. Шоире, ки ҷон фидои Ватан кард», «Аз водии Вахш то баҳри Балтик», «Лутфулло Бузургзода. Диле, ки барои Ватан метапид...», «Ҳаким Карим. Аз мубориза бар зидди босмачиҳо то майдони ҷанг», ки ҳамагӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидаанд, ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардид. Боиси хушнудист, ки устоди арҷманд ва яке аз муаллифони доимии рӯзномаи мо Умари Шерхон низ бо матлаби «Молики раҳи кӯр» дар ҳамин номинатсия ширкат варзида, ҷои дувумро ишғол кард.
Ташкилкунандагони ин сабқати эҷодӣ бо хушнудӣ изҳор доштанд: «Душанбегиҳо дар озмун аз ҳама фаъол буданду қариб тамоми мукофотҳоро соҳиб гаштанд. Ин тавр сурат гирифтани корро касе интизор набуд. Ҳалолашон бод, муборак бошад! Алалхусус, боиси тааҷҷуби аксарият гашт, ки дар бахши аз ҳама мушкил - «Сухан, тавлиди истеъдоде, ки сарҳадро намепазирад» журналисти тоҷик Абдулқодири Раҳим бо матлаби бас мӯшикофонаи хеш доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоири шаҳири рус Сергей Есенин ғолиб омад. Матлаби эҷоднамудаи ӯро аз офаридаҳои ҳамтоёни русзабонаш ҳам беҳтар донистанд. Диловариҳои адибони тоҷик дар набардгоҳҳо ба хотири муҳофизати Ватан, ки асоси навиштаҳои журналисти ҷавон – дастпарвари мактаби «Ҷумҳурият» - Бузургмеҳри Баҳодурро ташкил додаанд, барои ҳайати ҳакамон, бавижа барои насли имрӯзи кишварҳои ИДМ, хеле шавқовар буд».  
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки ҳамтоёни мо аз «Народная газета» низ дар ин озмун фаъолона ширкат варзида, дар номинатсияҳои гуногун сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. 
Ин пирӯзиро, ки армуғони наврӯзии рӯзнома ба муассисони нашрия – Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ба қаламкашони кишвар хуҷаста мегӯем!
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2021    №: 57    Мутолиа карданд: 741
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед