Хабарҳо
НОҲИЯИ АЙНӢ. МАЪРАКАИ КИШТИ КАРТОШКА ОҒОЗ ШУД
Дар Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ ба маъракаи кишти картошка оғоз бахшида шуд. Кишоварзон аз техникаи ёрирасон истифода карда, аҳлона дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ тухмиро зери хок карданд.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни иштирок дар маъракаи кишти картошка зикр кард: “Хушбахтона, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон имсол тамоми деҳқонони мамлакат аз пардохти андози ягонаи замин озод шуданд. Кишоварзонро мебояд ин дастгирии Роҳбари давлатро қадр намуда, аз тамоми имконот истифода бурда, майдони киштро зиёд ва ҳар ваҷаби онро оқилонаю самаранок истифода намоянд. Зеро, аз меҳнат ба замин инсон ҳеҷ гоҳ пушаймон нашудаасту нахоҳад шуд”.
Мансур Носиров, сардори раёсати кишоварзӣ дар ноҳия, зимни суҳбат гуфт, ки баҳри таъмини дурнамои кишти картошка ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат имрӯз кишти картошкаро дар хоҷагии деҳқонии “Рарз”- и Ҷамоати деҳоти Рарз оғоз намудем. Соли ҷорӣ нақша дорем, ки дар ноҳия майдони кишти картошкаро зиёд намоем. Хусусан, масъулони хоҷагии деҳқонии “Рарз”, ки соли 2020 дар майдони 22 гектар кишти картошка гузаронда буданд, имсол азм доранд онро ба 30 гектар расонанд. Дар маҷмӯъ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ кишти зиёда аз 1020 гектар картошка дар нақша аст, ки аз он 550 гектар дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷамъиятӣ мебошад.
- Бинобар паст омадани ҳарорати боду ҳаво кишти картошка нисбат ба соли гузашта дертар оғоз гардида бошад ҳам, вале кишоварзони ноҳия аз фурсати муносиб истифода карда, кӯшиш доранд, ки то муҳлати муайянгардида киштро ба анҷом расонанд. Соли ҷорӣ кишоварзон ният доранд, ки бо зиёд кардани кишти картошка ва дигар намуди зироатҳои полизӣ бо истифода аз тамоми имконот дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд, - гуфт сардори раёсати кишоварзӣ.
Шамсиддин ХАЛИФАЕВ,
“Файзи Зарафшон”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 274