Хабарҳо
РИОЯИ НЕКИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таърихи бостонӣ дошта, аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад ва дорои арзишу сифатҳои нек аст. Аз ҷумла, ваҳдату ҳамраъйӣ, дӯстиву рафоқат, некию накукорӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон ва хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон аз муҳимтарин оинҳои ҷашни фархундаи ниёгон дониста мешавад, ки мардуми мо ба он арҷ мегузоранд.
Наврӯз фарҳанги муколама ва гуфтугӯи инсонҳо низ дониста мешавад, ки мардумро, новобаста аз нажод ва миллат, сари як суфра – хони наврӯзӣ ҷамъ меорад ва дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро бедор месозад.
Бо назардошти ин оини наврӯзӣ ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай, Бонки миллии Тоҷикистон барои 240 бошандаи Муассисаи давлатии “Хона - интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор” дастархони идона ороста, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 163