logo

Хабарҳо

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ СИҲАТӢ

Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Рашт баъди таъмири асосӣ ба истифода дода шуд. Бо анҷоми корҳои  сохтмонӣ, он бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гашт.
Тавре Хайрулло Ғиёсов, мудири шуъбаи мазкур, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  қатори даҳҳо иншооти таъйиноти гуногуни ноҳияи Рашт, таъмиру барқарорсозии шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии шаҳраки Ғарм пешбинӣ шуда буд, зеро аз бунёди  он  зиёда аз 25 сол сипарӣ шуд.
Ташкилоти паймонкор аз ҳисоби буҷети ноҳия ҳуҷраҳои табибон, ҷарроҳию табобатӣ ва озмоиширо таъмир намуд. Дар баробари ин, ҷиҳати фаъолияти муътадили шуъба дар фасли зимистон шабакаи  мустақили гармидиҳанда бунёд ёфт.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мизу курсӣ, рахти хоб барои беморон ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ дастрас гардид.
Гуфта мешавад, ки таъмиру  барқарорсозӣ дар шуъбаи  урологияи беморхонаи марказии ноҳия низ аз рӯи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба пешвози сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома  дошта,  коргарон ҷидду чаҳд доранд, ки онро дар  муҳлати муайяншуда анҷом диҳанд.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 467
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед