logo

иҷтимоиёт

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН АВВАЛИН МАКТАБИ ОЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нахустин мактаби олӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб гашта, бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №364 аз 5 августи соли 1993 таъсис ёфта, дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, хадамоти гумрукӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, соҳибкорӣ, молия, иқтисодиёт, идоракунӣ, инноватсия, телекоммуникатсия, системаи ахборотӣ, муҳосибот, андоз, аудит ва ревизия кадрҳои соҳибтахассус ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат омода менамояд. 
 
Дар давоми фаъолияти 29 - солааш ин даргоҳи маърифат ҷиҳати пиёдасозии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омода кардани мутахассисони арзандаи соҳоти гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ нақши муассир дорад. То имрӯз донишгоҳро дар маҷмӯъ, аз рӯи 39 ихтисос, ки таълими онҳо роҳандозӣ шудааст, зиёда аз 16 ҳазор нафар аз ҳамаи манотиқи мамлакат хатм карда, бомуваффақият дар соҳоти гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ҷиҳати рушди иқтисоду иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад. Аҳли раёсат ва кулли устодони ин махзани маърифат бо истифода аз фазои орому муҳити тозаи замони соҳибистиқлолӣ баҳри рушди Тоҷикистони азиз дар риштаҳои гуногун натиҷаҳои басо назаррасро ноил шудаанд ва дар ин ҷода миёни дигар макотиби олии кишвар мақоми арзандаеро сазовор гашта, дар муносибатҳои байналмилалии макотиби олӣ низ устуворона қадам гузошта  обрӯву нуфузи кишварро ҳифз мекунанд.
- Ҳадафи асосӣ ва ниҳоии донишгоҳ ширкати фаъолона  дар бозори меҳнат, роҳандозии саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди талаботи рӯз тайёр кардани мутахассисони варзида ба хотири пешравии соҳоти Ватани азиз аст,- мегӯяд ректори донишгоҳи мазкур Муъминҷон Шарифзода,- ва метавон арз кард, ки дар ин ҷода  аҳли устодони мо  устувору боэътимод қадам мезананд.
Фаъолияти донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. 
Ба таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажӯҳишоти илмӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, имрӯз  710 компютер, 186 принтер, 19 сканер, 26 тахтаи электронӣ, 108 проектор, 56 ноутбук, 199 УПС ва 109 камераи назоратӣ мавриди истифода қарор дорад. Устувории пояҳои моддию техникӣ ба ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, фаъолияти босамари марказҳои компютерӣ ва тестӣ, марказҳои омӯзиши Аврупо ва забонҳо, Парки технологӣ ва лабораторияҳои инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар соли таҳсили 2020 - 2021 ихтисосҳои информатика, омор, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, санҷиши судӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва  ихтисосҳои омӯзгорӣ: омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забонҳои англисӣ, назарияи иқтисодиёт, диншиносӣ ҷорӣ карда шуда, бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ қабули довталабон аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда шуд.
Теъдоди умумии донишҷӯён дар донишгоҳ 7767 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 4963 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 2804 нафар дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) ва 265 нафар дар шуъбаи магистратура таҳсил доранд. 
Соли таҳсили 2020 - 2021 дар асоси замима ба иҷозатномаи АУ №0001866 ва нақшаи қабули донишҷӯён ва магистрантон аз рӯи 39 ихтисос ба зинаи бакалавр 2094 нафар қабул шуд, ки  аз ин 1625 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 449 нафар ба таҳсилоти фосилавӣ рост меояд. Ҳамчунин, ба зинаҳои магистратура 174, докторантура аз рӯи ихтисос 13, таҳсилоти олии дуюм 122 ва  идомаи таҳсил 32 нафар қабул шудааст.
Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ  машғулиятҳо дар 16 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони хитоӣ гузаронда мешавад. Таҳсили ихтисосҳои молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти  ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 325 омӯзгор, ки  147 нафар дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ, бахусус 16 нафар доктори илм ва 131 нафар номзади илм мебошанд, ҷалб гардидаанд. 
Соли 2020 барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон 1 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили  Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму маориф, 2 нафар бо медали “Хизмати шоиста”,  1 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  17 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гаштанд. 
Дар олимпиадаи Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон донишҷӯён Нуронидин Азизов аз фанни физика,  Шавкат Рофиев аз фанни технологияҳои иттилоотӣ, Нигинаҷон Авезматова аз фанни химия, Фарҳод Темуров аз фанни астрономия сазовори Диплом ва Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуданд.
Дар даври дуюми Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷӯён, ки бо ташаббуси Фонди миллии дастгирии инноватсионии Федератсияи Россия дар соҳаи маориф дар ҳамкории филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе доир гардид, донишҷӯёни мо аз фанни математика иштирок карданд ва Рауф Турғунов сазовори медали нуқра ва Исломиддин Қодиров сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар  давраҳои Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омӯзгорон, аспиранту докторантон, магистрантону донишҷӯён фаъолона иштирок карданд.  Дар даври вилоятии озмуни мазкур донишҷӯён Шаҳзод Абдуллоев сазовори ҷойи аввал ба маблағи 8000 сомонӣ ва Манижа Ҳидоятова сазовори ҷойи дуюм ба маблағи 6000 сомонӣ аз ҷониби раиси вилояти Суғд қадр шуданд.
Ишғоли ҷойҳои якум дар Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2019” аз ҷониби донишҷӯи курси 3-юми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Дилфуза Ҳоҷиева, озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” сазовори ҷойи аввал гардидани Рустам Қориев дар равияи фанҳои гуманитарӣ, сазовори ҷойи дуюм гаштани  Аслия Абдуллоева дар равияи фанҳои дақиқ, ғолибияти донишҷӯёнамон дар мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ – Фаридун Қурбонов, Фирдавс Ахмедҷонов, Ҷонибек Қодиров, Шодибек Шоҳимардонов, Седиброз Икромов ва  дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ Ҳасанҷон Тӯйчиев аз рӯи намуди гӯштини юнониву румӣ, Рустамҷони Юсуф оид ба бокс боиси ифтихору сарфарозист. 
Айни ҳол гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 нафар, стипендияи раиси вилояти Суғд  26 нафар, аз ҷумла 18 донишҷӯ, 4 магистрант ва 4 докторант; стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд 4 нафар; стипендияи раёсати донишгоҳ 24 нафар;  стипендияи «Дӯстӣ» - и фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин – Ғаюр Семент» 2 нафар мебошанд. Инчунин, бо ташаббуси ректори донишгоҳ соли сеюм аст, ки барои дастгирию ҳавасмандсозии донишҷӯёни фаъолу лаёқатманд стипендияи раёсати донишгоҳ ҷорӣ гардида, айни ҳол теъдоди гирандагон 60 нафарро ташкил медиҳад.
Дар соли таҳсили 2019 - 2020 теъдоди умумии хатмкардагон 1423  нафарро  ташкил дод, аз ин миқдор 1253 нафар зинаи бакалавр, 84 нафар  мутахассис ва 86 нафар зинаи магистратураро хатм кард. Дар таърихи донишгоҳ маросими дипломсупории хатмкунандагон бори аввал тариқи расмӣ ва фосилавӣ баргузор гардид.
Донишгоҳ ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо 118 корхонаю ташкилот: вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати адлияи  вилояти Суғд, раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раёсати андози вилояти Суғд ва нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо, бонкҳои «Эсхата», «Амонатбонк», «Матин», «Имон» ва ғайраҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он – вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ ва  корхонаҳои истеҳсолӣ  фаъолияти босамар доранд.
Бо тавсияи Шӯрои илмию методии донишгоҳ 61 комплекси таълимию методӣ (КТМ), 37 китоби дарсӣ ва 533 силлабу (барномаҳои таълимӣ) аз чоп баромада, дар раванди таълим мавриди истифода қарор гирифтанд. Давоми шаш моҳи охир 6 маҷмӯаи мақолаҳои конференсияҳо чоп гардида, 9 монография, 80 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, аз ҷумла 21 мақола дар маҷаллаи илмии “Ахбори ДДҲБСТ” аз ҷониби омӯзгорон таҳия ва нашр шуданд.
Раёсати донишгоҳ дар самти таҳким бахшидани иқтидори илмӣ ва  ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус, дар ин самт дар се соли охир ба миқдори 450 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки 100 000 сомонӣ ба соли 2019, 150 000 сомонӣ ба соли 2020 ва 200 000 сомонӣ ба соли 2021 рост меояд. 
Соли 2020 4 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар омӯзгори ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ 5 рисолаи илмӣ ба дифоъ расид.  Ҳамзамон, тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия  ба 1 нафар устод дипломи дараҷаи номзади илм дода шуд. Дар асоси фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар бо аттестати профессорӣ, 3 нафар бо аттестати дотсентӣ ва 7 нафар сазовори дипломи дараҷаи номзади  илм гаштанд.
Дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз соли таҳсили 2020-2021 ихтисосҳои информатика, математика-информатика, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ҷорӣ гардида, ба ихтисосҳои зикргардида 178 нафар дохил шуд. Ҳимояи як рисолаи номзадӣ дар риштаи илмҳои физика- математика, ғолибияти донишҷӯён дар онлайн-олимпиадаи байналмилалии кушоди донишҷӯён, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз фанни математика, таълифи 3 китоби дарсӣ, 25 мақолаи илмӣ ва 5 дастури таълимию методӣ,  баргузории  конференсияи илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ», семинари илмии байнидонишгоҳӣ доир ба муаммоҳои мубрами математика ва татбиқи он, ҷоннок намудани фаъолияти маҳфилҳои илмии “Риёзиёт дар иқтисодиёт”, «Олами математика», “Ҳозирҷавобони математикӣ”, тибқи нақшаи типии таълимии зиёд шудани миқдори кредитҳои фанҳои риёзӣ - табиатшиносӣ ва техникӣ (математикаи олӣ, физика, информатика, барномасозӣ)  аз тадбирҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. 
Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Пешвои миллат ва эҳёи тамаддуни тоҷикон», ки таҳқиқи илмии фаъолияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёд ва густариши давлати навини Тоҷикистон дар бар мегирад ва  олимону мутахассисон таълимоти Сарвари давлатро андешаҳои пурҳикмат, дастури раҳнамо дар густариши ахлоқу одоби ҳамида барои имрӯзу оянда, тақвияти ҳисси инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои волои фарҳангӣ ва истиқлоли миллӣ арзёбӣ намуданд,  бо фарогирии зиёда аз 200 мақолаи илмӣ дар ҳаҷми 634 саҳифа нашр гардид. 
Баргузории Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо ҷалби коршиносон, олимону мутахассисони соҳавӣ, соҳибкорону намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои  ватанӣ дар таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳамбастагии илму истеҳсолот ва амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат заминаи мусоид  хоҳад гузошт. 
Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ густариш ёфта, миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ ба 70 адад расонда шудааст. Тибқи динамикаи миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ аз 8 адади соли 2008-ум ба 70 адад дар соли 2020 расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2008 10 маротиба  зиёд аст. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо 34 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Россия, 10 муассисаи ватанӣ, 13 муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 муассисаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 муассисаи Латвия, 2 муассисаи Украина, 4 муассисаи Қазоқистон, бо 1 муассисаи Ҷопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Беларус, Чин ва Ҳиндустон баста шуданд.
Дар доираи фаъолияти байналмилалӣ бо мақсади  таъмини таҳсилоти босифат дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот бори нахуст байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар се ихтисоси (барномаи таълимӣ)-и амалкунандаи донишгоҳ:  ихтисосҳои молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия) ва ҳуқуқшиносӣ аз аккредитатсияи байналхалқӣ бомуваффақият гузашта, соҳиби шаҳодатнома шуданд. Таҷрибаи аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарондани ихтисосҳо ва барномаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳ воқеияти ҷараёни ҷудонашавандаи рушди таҳсилоти олӣ дар замони муосир будани аккредитатсияи байналмилалӣ, ба сифати таҳсилот ва низоми фаъолияти мактаби олӣ таъсири мусбат  расондани онро тасдиқ намуда, барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат кард. Донишгоҳ узви донишгоҳҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Лигаи донишгоҳии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ буда, дар қаламрави кишвар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар қатори даҳгонаи беҳтарин пазируфта шудааст.
Дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ва барномаи табодул 5 нафар муҳассили донишгоҳ дар Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв (Қазоқистон) таҳсил дорад. Ҳамзамон, дар доираи бурсияи ҷудогардидаи магистратураи ДСҲШ 2 нафар хатмкунандаи донишгоҳ дар магистратураи Донишгоҳи давлатии Олтой, 3 нафар дар Донишгоҳи давлатии Урал ва 1 нафар дар докторантураи (Phd) Донишгоҳи Ҷумҳурии Корея таҳсил менамояд. 
Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ 780 нафарро ташкил медиҳад. Натиҷаи ҳамкориҳо боиси он гардид, ки дар соли таҳсили 2020-2021 600 нафар аз кишвари ҳамҷавори Ӯзбекистон таҳсилро дар факултетҳои гуногуни боргоҳи маърифати мо  интихоб кард. 
Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар асоси созишномаҳои тарафайн бо ҳамкорони хориҷӣ – намояндагони Донишгоҳи федералии Урали Федератсияи Россия, Донишкадаи молиявии Тошканд,  Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолии Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Метрополитени шаҳри Денвери ИМА, Донишгоҳи энергетика ва коммуникатсияи Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон) конференсияҳо, мастер - класс, вохӯриву мулоқот бештар бо реҷаи онлайн ба роҳ монда шудаанд. Инчунин, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  роҳбарони Маркази илм ва фарҳанги Россия, Фонди аккредитатсияи барномаҳои байналмилалии бизнес-маъмуриятчигӣ (FIBAA) (Олмон), Агентии мустақили Аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон,  факултети менеҷменти  Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Аккредитатсияи байналмилалӣ омили  баланд бардоштани  сифати  таълим»  тариқи онлайн баргузор гашт.
Байни  ДДҲБСТ ва Идораи лоиҳаи «PEM Consulting» аз номи лоиҳаи «GIZ TRIGGER II» – «Start-up Promotion» («Пешбурди стартап ва соҳибкорӣ») ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ оид ба таъсис ва дастгирии хизматрасониҳои маҷмӯӣ ба стартапҳо, инчунин татбиқи барномаи «GIZ TRIGGER II» – «Start-up Promotion», ки фарҳанги стартапро дар кишвари мо рушд медиҳад, ба имзо расид. Чанде пеш роҳбарияти донишгоҳ бо роҳбарон ва намояндагони лоиҳаи мазкур мулоқоти онлайнӣ доир намуд, ки  дар он беш аз 100 нафар ширкат варзид.
Дар донишгоҳ лоиҳаҳои дарозмуддати Иттиҳоди Аврупо – Эразмус Мундус, Темпус ва Эразмус+ амалӣ шуданд. Дар доираи лоиҳаи мазкур лоиҳаи мобилӣ (муаллиф А.Ҷӯраев) дар якҷоягӣ  бо  Элейн Мковн, менеҷери байналмилалии рушди Коллеҷи Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ (SERC) (Бритониё) ба Комиссияи Аврупо  пешниҳод шуд, ки  сазовори маблағгузорӣ  гардид  ва донишгоҳ татбиқи лоиҳаи нави дуҷониба оид ба мубодилаи омӯзгоронро байни донишгоҳамон ва Коллеҷи Минтақавии Ҷанубу Шарқӣ (Британияи Кабир ) дар доираи барномаи Эразмус +   идома медиҳад. 
Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни вазоратҳои маориф илми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид, ки дар ҳамкории Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар пойгоҳи ҷониби тоҷикистонӣ сохтори нави таълимӣ ташкил шуд. Факултети муштарак тибқи талаботи “3+1” ва “1+1” амал менамояд. Яъне, донишҷӯёне, ки дар факултети тоҷикистонию ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд, се сол дар Хуҷанд ва як сол дар донишкадаҳои зикршудаи Тошканд нозукиҳои ихтисосашонро меомӯзанд; магистрантон бошанд, мутаносибан яксолӣ дар ҳар ду ҷониб таҳсил мекунанд.
Дар асоси шартномаи тарафайн ба факултети муштарак ба миқдори баробар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва пас аз хатм ба онҳо дипломҳои расмии ҳар ду давлат дода мешаванд, яъне, ихтисосҳои зикргашта соҳиби сертификати аккредитатсияи байналхалқӣ мебошанд.
Бо назардошти пандемияи “Covid-19” ҳар ду тараф тасмим гирифтаанд, ки то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии кишварҳоямон дарсу машғулиятҳои устодони донишкадаҳои ҳуқуқшиносӣ ва молияи Тошканд тариқи онлайнӣ ба роҳ монда мешавад ва барои ин шароити мусоид пурра фароҳам аст. Баробари барҳам хӯрдани таҳдиди пандемия мубодилаи дуҷонибаи устодон ва донишҷӯён ба таври анъанавӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Факултети муштараки навтаъсис аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқшиносии байналхалқӣ, инчунин кори бонкӣ ва молия ва қарз дар сатҳи стандарти ҷаҳонӣ мутахассисонро омода менамояд. Бинои факултети муштарак бо фарогирии 275 ҷойи нишаст, ба хотири риояи фосилаи иҷтимоӣ мизу курсиҳо барои як нафар муқаррар ва синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири техникии раванди таълим муҷаҳҳаз  шудаанд.
Аз ҷониби озмоишгоҳи инноватсионӣ ва Парки технологии донишгоҳ тавассути барномаи “Пешсаф” 25 лоиҳаи донишҷӯён пешниҳод шуд, ки 13 лоиҳа амалӣ гардида, якчанд барномаҳо таҳия гашт. Аз ҷумла, дар доираи “Лоиҳаи ҷавонӣ” барномаи таҳияшуда оид ба ҳолати равонӣ маслиҳатҳо пешниҳод менамояд, барномаи “АШФ” барои шахсони имконияташон маҳдуд хондани матнро меомӯзонад, барномаи “ВАНВЕЙ” барои дубора коркарди партови маводи пласмасӣ пешбинӣ шудааст, ки барои ҷалби донишҷӯён ба ихтироъкориву аз худ намудани технологияҳои нави таълимӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, «САНИТАЙЗЕР» ё худ таҷҳизоти безараркунанда як ихтирои ҷадид дар доираи лоиҳаҳои амалишудаи назди озмоишгоҳи инноватсионии донишгоҳ мебошад, ки барои пошидани маҳлули зиддивирусӣ (антисептикӣ) истифода мешавад. Дастгоҳи мазкур дар баробари истифода дар  биноҳои маъмуриву таълимии ДДҲБСТ,  ба дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ низ дастрас гардид. Дувумин ихтирои иштирокчиёни барномаи “Пешсафи озмоишгоҳи инноватсионии донишгоҳ”, ки дар аҳди COVID - 19 сохта шуд, дастгоҳи безараркунандаи лавозимоти конселярӣ мебошад. Он тамоми лавозимоти конселярӣ, аз қабили ручкаву дафтар, мактубу дигар ҳуҷҷатҳоро аз тамоми вирусу микробҳо безарар мегардонад.
Донишгоҳ  ҷиҳати пешгирӣ аз бемории COVID - 19 ҳамоно чораҳои  амалӣ андешида, то имрӯз ба маблағи 140551,00 сомонӣ маводи гуногун ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) харидорӣ намуд, ки мавриди истифода қарор доранд. Тибқи нақшаи фаъолияти ситоди донишгоҳӣ, пеш аз ҳама, ҳамарӯза биноҳои таълимӣ ва ҷойҳои корию таълимӣ бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ поккорӣ шуда, мавҷудияти маводи шӯяндаи антисептикию хлордори безараргардонанда, ниқоб, собуни моеъ ва дигар воситаҳои зиддивирусӣ мавриди назар қарор мегиранд. 
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷӯёни ятими кулл тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус, 17 нафар донишҷӯи эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамояд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, дар арафаи иду ҷашнҳо бо ёрии яквақтаи пулӣ таъмин мегарданд. 
Имрӯз, дар кишварамон ба истиқболи шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ бо маром ҷараён доранд. Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дар ин раванд корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат мебахшад. Бунёд ва ба истифода додани  толори варзишии замонавӣ, бинои факултети муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон, марказҳои тестӣ, азнавсозӣ шудани даромадгоҳи бинои асосӣ, ба пуррагӣ аз таъмир баровардани маҷлисгоҳи бинои асосӣ, сафолакпӯш шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинондани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳо далели омодагии аҳли донишгоҳ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки симои донишгоҳро ба куллӣ тағйир додаанд. 
Ҳоло бунёд ва азнавсозии иншооти сохтмонаш нотамоми таълимӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст идома дорад. Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ лоиҳаи бунёди иншооти зерин: хобгоҳи донишҷӯён ва бинои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорону кормандонро ба нақша гирифтааст. Иншооти нақшавӣ то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатиашон  ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли ҷорӣ ва ба ифтихори Рӯзи дониш, ки 17 августи соли 2020 баён доштанд, меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, бо баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ, тарбияи насли созанда  ва иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ободу зебо гардондани Тоҷикистони маҳбубамон  саҳм мегузоранд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2021    №: 62 - 63    Мутолиа карданд: 255
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед